
Баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандон санаи 23 майи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат семинари бозомӯзӣ бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва мутахассисони Раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, аз он ҷумла мутахассисон доир гардид. Дар рафти семинар корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба баргузории Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ», рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳия ва пешниҳоди дурусти шаклҳои нави ҳисобот, асосҳо ва ҳолатҳое, ки сабаби гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ, иловагӣ ва такрорӣ мегардад,тартиби пешниҳоди дурусти матритсаи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва ҷадвали сарфи маблағҳо ҷиҳати иҷрои бандҳои наќшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур шунида шуд.

						
						
						


Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зистро Ассамблеяи Генералии СММ соли 1972
Д
Мувофиқи нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Исфара гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 16 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳри Исфара ирсол гардид.


