Д
ар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти нуҳ моҳи соли 2026 бо иштироки сардори Сарраёсат Суҳроб Холзода, муовин, сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо ва кормандон баргузор гардид. Сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. пас аз шунидани маърӯзаи таҳлилӣ бо сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо оид ба фаъолияти мақомот дар давраи ҳисоботӣ музокира намуд. Ҳамзамон ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирӣ, ҳамҷоя бо сохторҳои масъул назорати иҷрои босифати Барномаҳои давлативу соҳавӣ, ситонидани маблағи ҷаримаву зарарҳои пешни-ҳодшуда, корбарӣ дар самти низоми иҷозатдиҳӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта то ҷамъбасти ҳисоботи солона дастуру супоришҳо дод. Дар интиҳои ҷаласа яке аз кормандони ботаҷрибаи соҳаи хифзи муҳити зист Собиров Ҳабибулло дар фазои тантанавӣ ба нафақа гусел карда шуд. Роҳбарияти сарраёсат ба Собиров Ҳабибулло барои хизматҳои содиқонаву тӯлонӣ дар мақомоти ҳифзи муҳити зист миннатдорӣ баён намуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ бо таҷрибаи бойи худ ба кормандони ҷавони мақомот роҳнамо хоҳад шуд.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар нуҳ моҳи соли 2026
Add comment


