
Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ санаи 25 июли соли 2018 дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо намояндагони соҳаи маориф - омӯзгорони фанни биология, география ва экология, дар маҷмуъ беш аз 40 нафар доир гардид. Дар рафти вохўрӣ оид ба мақсад ва зарурати қабул гардидани Барномаи мазкур ва роҳҳои амалисозии он, муаммоҳои дастрасӣ ба оби тозаи нўшокӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, дар бораи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҷўиҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми партофтани партовҳои ба ҷойҳои ғайрирасмӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани донишу маърифати экологӣ суханронӣ карда шуд.




Тиб
Санаи 6 июли соли ҷорӣ дар маркази бозомўзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввал ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Ибодзода, мудири шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят А.Латифӣ, сардори Раёсат ва муовин, сардорони шуъбаҳои Раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, сармутахассисони Раёсат иштирок намуданд.



