Ташаббуси хонандагони мактаби Гёте

Хонандагони синфи 10 «Б»-и  гимназияи ба номи Гётеи шаҳри Хуҷанд  тасмим гирифтанд, ки дар ҳифзи муҳити зист саҳм гиранд. Дар ибтидо онҳо партовҳоро ба гуруҳҳо ҷудо намуданро омӯхта, дигаронро низ ба ин кор талқин намуданд. Агар партовҳоро насӯзанд,  обу ҳаво ва хок ифлос намешавад. Дар мактаб ба ҳар як синф зарфҳои ранга гузоштанд: зардаш - барои маводҳои пластикӣ, кабудаш –барои коғазпора ва хокистарранг - барои компост. Байни хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар муддати кӯтоҳ ба онҳо муяссар шуд, ки 30 кг коғазпораро ҷамъоварӣ намуда барои коркард супоранд ва ҳоло аз паи ҷамъоварии  фулузот ва пластика  мебошанд.

 

Маъракаи хатнасур дар ш.Панҷакент

Дастгирии ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат таҳти ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат баъд аз ифтитоҳи бинои нави бахш ва ҷаласаи ҷамъбастии Раёсат бо ибтикори Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар фарзандони оилаҳои эҳтиёҷманд дар тарабхонаи “Сино”-и шаҳри Панҷакент хатнасур карда шуданд.

Иштироки Раиси Кумита дар ифтитоҳи бинои нав дар шаҳри Панҷакент

Баъд аз қисми расмии ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темурҷон Нӯмонзода дар назди бино бо мақсади сарсабзии ҳамешагии ин мавзеъ ниҳолҳои дарахтони  ҳамешасабз шинониданд.

Қадрдонӣ бо мукофотҳои соҳавӣ

Дар  қисми ифтитоҳи бинои нави бахши  ш.Панҷакент аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқ мудири бахш  Иноятов У., ки ба нафақа баромад нишони сарисинагии “Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист” супорида шуд.

Бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мукофотҳои соҳавӣ - нишони сарисинагии «Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист» ба мудирони бахшҳои ноҳияҳои Мастчоҳ  Шохоҷаев  Ҳасанхоҷа ва Айнӣ Халилов Шараф, мутахассиси пешбари бахши н.Ч.Расулов Ҳасанов Улуғбек супорида шуд. Ғайр аз он, сардори Раёсат Темурҷон Нӯмонзода, сардорони шӯъбаҳои Раёсат Раупов Даврон ва Самадов Алишер бо ифтихорномаи Раиси Кумита сарфароз гардонида шуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.