Фарорасии соли нави 2026-ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда, соли навбатии созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Итминони комил дорем, ки ҳар яки мо дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешвози соли таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузошта, дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф мешавем. Ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ ҳамаи ҳамкасбон, собиқадорон ва дӯстдорони табиатро аз самими қалб шодбош гуфта, ба ҳар яки шумоён сиҳатмандиву саодати рўзгор, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям. Бигузор соли нави милодӣ барои ҳар як хонадони халқи тоҷик соли сулҳу оромӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва пешрафту дастовардҳои навин оварад.
Соли нави милодӣ муборак!


