Назорати манбаҳои обӣ

Аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар асоси муроҷиати шаҳрвандон, ки дар шабакаи иҷтимоии фейсбук оид ба партофтани партовобҳо ба соҳили обанбори Баҳри тоҷик ҷой дода шуда буд, дар ҷояш мавриди баррасӣ қарор гирифт.

  Дар ҳақикат ошкор карда шуд, ки аз тарафи  корхонаи ҶДММ «Фируз Плаза»-и ш.Гулистон партовоб ба соҳили баҳри Тоҷик партофта шуда истодааст. Дар натиҷа нисбати директори корхонаи мазкур бо моддаи 177 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода, барои дар оянда роҳ надодан ба чунин камбудӣ пешниҳоди иҷроишаш хатмӣ дода шуд.

Мавзеъи сайёҳии Чилдухтарон, воқеъ дар деҳаи Метк, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич

 Мавзеъи Чилдухтарон аз ноҳия 56 км роҳро ташкил намуда, дар деҳаи Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдат ҷойгир мебошад. Деҳаи Метк таърихи чандҳазорсола дорад. Ба ин гуфтаҳо ашёҳо бо мурури замон аз атрофи деҳа ёфташуда ва мавзеъҳои таърихии он шаҳодат медиҳад. Бар замми ин Деҳаи Метк хеле зебоманзар буда, дар домани қаторкўҳҳои Туркистон ҷой гирифтааст. Рўдҳои кўҳии шўхоб чашмасорон, арчазорон ва кӯҳҳои сар ба афлокаш манзараи деҳаро зебою нотакрор гардонидааст.

Ба истифода дода шудани сехи ба навъҳо ҷудо намудани партовҳо дар шаҳри Конибодом

 Бо мақсади  ҷамъоварӣ ва ба намудҳо ҷудо намудани партовҳо дар шаҳри Конибодом аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Қодиров И. дар назди партовгоҳи шаҳрӣ дар майдони 2 га сехи ба навъҳо ҷудо намудани партовҳо сохта ба истифода дода шуд. Самти асосии фаъолияти цехи мазкур ҷамъ намудан ва ба намудҳо ҷудо намудани партовҳо буда, дар як рӯз ба ҳисоби миёна 23-30 тн.партовҳои  гуногун ба намудҳо ҷудо карда мешаванд. Айни ҳол дар ин коргоҳ 22 нафар кормандон фаъолият мебаранд. Роҳбарияти корхона мақсад дорад фаъолияти худро васеъ намуда, шумораи коргаронро зиёд намояд ва як сехи нав барои коркарди хоку пасмондаҳои партов бо мақсади истифодаи он дар заминҳои кишоварзиро сохта ба истифода диҳад.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Шаҳристон

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳои дар пешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити атроф дар ноҳияи Шаҳристон  аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар он  кормандони соҳаи маориф, сокинони маҳаллаҳо хамагӣ  85  нафар иштирок доштанд. Дар рафти аксия  ҷӯйборҳову  қади роҳҳо аз партовҳои ҳархела тоза карда шуда, партовҳо ба миқдори  5 м3 ба партовгоҳи ноҳия  бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.