Мутобиқи нақшаи ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дар толори маҷлисгоҳи МД маҷмааи фарҳангӣ – таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки намояндагони Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо ва омӯзгороне, ки дар муассисаҳои таълимӣ бо хонандагони аъзоёни раванди «Нозирони сабз» корбарӣ менамоянд вохӯрии кории иттилоотӣ барпо гардид. Чорабинӣ бо мақсади ҷамъоварии фикру ақида ва пешниҳоди омӯзгорон оид ба таҷрибаи кори онҳо бо «Роҳнамои омӯзишӣ оид ба таълими иловагии экологӣ» ташкил гардида, минбаъд навсозӣ бо даровардани тағйироту илова ба роҳнамои таълимии мазкур пешбинӣ карда шудааст. Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, сармуҳарии рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ва намояндаи Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон, ки бо дастгирии ин ташкилот вохӯрии корӣ баргузор гардид иштирок намуда, доир ба мавзӯъ фикру таклифҳои худро пешниҳод намуданд.



ибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 28.03.2025, №30 ва фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти дар вилояти Суғд аз 01.04.2025, №12 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2025»,
ар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳаво -шиносӣ ва кадастр - Ибодуллои Маҳмадулло, сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х., сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо
арраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рӯзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қатъномаи