Аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» дар ноҳияи Шаҳристон

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳои дар пешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити атроф дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» доир гардид. Дар он кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, МД хоҷагии ҷангали ноҳия, бахши кор бо ҷавонон, аҳолии ҷамоатҳо қариб 100 нафар иштирок доштанд. Рафти аксия минтақаи истироҳатӣ, соҳили кӯл ва ҷӯйборҳо аз партовҳои ҳархела тоза карда шуд. Дар мавзеи истироҳатӣ 25 адад қуттиҳо барои партофтани партов гузошта шуда, 4 тонна партов бароварда шуд.

Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар қадди роҳҳо

  Бо мақсади таъмини рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №626 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2013с. №31 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва баҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо» мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам чораҳои заруриро андешида истодааст. Бо ин мақсад дар ҷамоати деҳоти Зарҳалол ва Пошкент (шаҳри Истаравшан) қадди шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд бо воситаи техника 2,5 м3 партовҳои бесоҳиб рӯйпӯш карда шуд. Чорабиниҳои пешгирии ифлосшавии муҳити зист, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар минтақаҳои шаҳри Истаравшан идома дорад.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент

  Мувофиқи нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо ҳамкории кормандони БДА-и шаҳр дар кӯчаи Рӯдакӣ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Амалиёти назоратӣ дар шаҳри Хуҷанд

  Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ ,муайян гардид, ки  ронандаи нақлиёти боркашонӣ, рақами давлатиаш 95-93 ВR – 02 АбдураҳмоновНасим, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Ёва, аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 8-ум бе ҳуҷҷатҳои дахлдор ва иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист ба миқдори 1,5 м3 санги табиӣ барои истифода гирифтааст. Дар натиҷа ба табиат зарар расонида шуда, нисбати қонуншикан дар асоси моддаҳои 2,8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва моддаи 238 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.