Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар ақсои олам пеш аз ҳамачун диёри кӯҳсор мешиносанд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ медонад ва ифтихор дорад, ки 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳои сар бафалак иборатанд. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон тамоми элементҳои ҷадвали даврии Менделеевро дарёфт намудаанду хоса дар манотиқи куҳсор ганҷҳои бепоён нуҳуфтаанд. Дар кишвари мо силсилакӯҳҳои баландтарини олам - Помир, Тиёншон ва Олой ба ҳам меоянд. Аз ҳама ганҷҳои бебаҳои табиати кӯҳҳои сарсафед оби мусаффо буда, қариб 1000 дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд, 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Табиатдӯстони олам бо қарори 57-умини Ассамблеяи генералии СММ ҳамасола санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор ҳамчун рӯзи байналмилалии куҳсор ҷашн мегиранд. Азбаски кӯҳҳо 27 фоизи хушкии сайёраамонро ташкил медиҳад ва қариб 15 фоизи аҳолии кураи арз дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд, СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад. Ҳудуди вилояти Суғд асосан аз кӯҳҳо иборат мебошад. Аз тарафи шимол қаторкӯҳҳои Қурама (баландиаш то 3769 м), аз тарафи ҷануб қаторкуҳҳои Туркистон (баландиаш то 5509 м) ва хамгашти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир шудааст.
Амалиёти назоратӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик 2 нафар шаҳрвандон ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ аз ҷониби нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд боздошт гардиданд. Дар минтақаи Шўркўли обанбор сокини шаҳри Хуҷанд Турсунов Рустам бо 20 метр тӯр ва қаиқи резинӣ, ҳамзамон сокини ноҳияи Б.Ғафуров Шарипов Мирзоилҳом бо 20 метр тӯр боздошта, олотҳои моҳидории мазкур муваққатан мусодира карда шуданд. Нисбати ин ду нафар бо дастрасии моддаи 208 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуд. Амалиёти назоратӣ дар минтақаи Ќўқуроқи обанбори Баҳри Тоҷик идома ёфта, дар натиҷа 150 метр тўрҳои бесоҳиб ошкор гардид ва несту нобуд карда шуд. Боиси қайд аст, ки аз дохили тўрҳои нафарони боздоштгардида ва тӯрҳои бесоҳиб 5 сар суфмоҳӣ ва 14 сар нуқрамоҳӣ, дар маҷмӯъ 19 сар моҳии ғайриқонуни сайдшуда ошкор гардидааст. Дар самти истифода ва ҳифзи захираҳои моҳӣ нозирони шуъбаи сарраёсат мунтазам назорати давлатиро дар баробари баргузории корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни моҳидорони ҳаваскор амалӣ менамоянд.
Ташкил ва гузаронидани лагери зимистонаи экологӣ дар шаҳри Гулистон
Бо мақсади амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят чорабиниҳои гуногунро якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд мунтазам мегузаронад, ки онҳо дар дарки маърифати нав дар соҳаи ҳифзи муҳити зист саҳми арзанда гузошта, минбаъд ба ҳалли муаммоҳои экологӣ мусоидат менамоянд. Боиси қайд аст, ки баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ яке аз равандҳои асосӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб рафта, дар самти мазкур бисёр корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд. Оғоз аз санаи 30 ноябр то 3 декабри соли ҷорӣ, дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон лагери зимистонаи экологӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар лагери экологии мазкур донишҷўён, ҷавонон, журналистони ҷавон, фаъолони экологӣ, блогерон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ аз вилоятҳои Суғду Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе, ҳамагӣ 21 нафар иштирок доштанд. Дар давоми се рўз ба иштирокдорони лагер коршиносону мутахассисони сарраёсат, устодони Донишгоҳҳои олӣ, намояндагони ВАО, дигар нафарони бо журналистика ва омодасозии лоиҳаю наворҳои иҷтимоӣ вобаста дар мавзўҳои гуногун маълумот пешниҳод намудан.
Чорабиниҳои пешгирии ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шаҳри Конибодом
Тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят баргузор намудани амалиёти «Ҳавои тоза» яке аз роҳҳои пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера ба ҳисоб рафта, чунин амалиётҳо дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми сол мунтазам гузаронида мешаванд. Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера кормандони шуьбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом, якҷоя бо намояндагони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд амалиёти «Ҳавои тоза»-ро дар роҳи нақлиётгарди байни маркази шаҳр ва ҷамоати деҳоти Патар гузарониданд. Дар рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои тамғаашон гуногун, ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ҳангоми сӯхтани сӯзишворӣ аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷа нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба ШБДА-и шаҳр ирсол гардид.