Б
о мақсади ташвиқу тарғиби муҳити тозаву обод, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои дар Пайём вобаста ба самти муҳити зист дарҷшуда ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, дар кӯчаҳои марказиву протоколӣ ва шоҳроҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Гулистон, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Масчоҳ, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон баннерҳои экологӣ насб карда шуд. Ин иқдом аз татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист аз партов, сарсабзу хуррамгардонии кишвар сарчашма мегирад.




Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар давоми 3 соли охир Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар 6 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол бо омӯзгорони фанни экология, биология ва хонандагон ҳамкорӣ менамояд. Боиси қайд аст, ки дар ин давра раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимии мазкур таъсис ёфта, як қатор чорабиниҳои гуногуни ба рушди тарбия ва баланд бардоштани донишҳои экологӣ нигаронида, гузаронида шудааст. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин ва дар арафаи ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ, бо иштироки дастаҳои «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимӣ дар минтақаи атрофи маҳалаи 1-уми шаҳри Истиқлол аксияи экологии «Тозагии маҳал» баргузор гардид.