Консерти идона бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 3 июн дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки ситораҳои санъати вилоят консерти идона баргузор гардид.

Бо суханони табрикӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фирдавс Абдуллозода, Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темур Нӯмонзода баромад намуданд.

Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Т.Нӯмонзода бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, санаи хоса барои ҳар кадоми мост, зеро дар оғӯши табиат зиста, нисбати масъалаҳои мубрами он бефарқ будан нашояд. Айни замон масъалаҳои глобалии ҳифзи муҳити зисти сайёра дар мадди назари ҳамагон қарор дорад. Боиси ифтихори мост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлимро омили муҳими таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ» мешуморанд. Дар миқёси вилоят низ бо ибтикори Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ эълон гардидани «Соли фарди солим» ва тасдиқи Барномаи вилоятии «Соли 2016 - Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» аз тарафи сокинон ҳамовозии зиёд пайдо намудаву дар ин самт ҳамзамон ҷиҳати беҳтар кардани вазъи экологӣ чораҳо андешида мешаванд.

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 2 июни соли равон  дар толори маҷлисгоҳи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар он мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фирдавс Абдуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Анвар Мақсудов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Наим Маликисломов, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналхалқӣ, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, кормандони воситаҳои ахбори омма, собиқдорони соҳа ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Семинари омӯзишӣ оиди нигаҳдории қабати озон

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои иҷрои Конвенсияи Вена дар бораи нигаҳдории қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон” аз 2 ноябри соли 2015, № 643, санаи 1 июни соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо иштироки роҳбари Маркази миллии озони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов А. ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар роҳбари Марказ оиди вайроншавии қабати озон ва озони стратосферӣ, ба танзимдарории газҳои озонвайронкунанда, оқибатҳои вайроншавии қабати озон баромадҳо намуда, иштирокчиёнро бо Созишномаҳои байналмилалӣ оид ба нигаҳдории қабати озони замин, ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ва меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти нигаҳдории қабати озони замин шинос намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.