Баҳри таъмини иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» тибқи тартиби муқарраргардида санаи 24.01.2020 сол дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ амалиёт гузаронида шуд. Дар натиҷа ҳолати истихроҷи ғайриқонунии қуми табиӣ аз соҳили Фондарё, наздикии пули Зарафшон-2 аз тарафи ронанда Соатов Ҳоҷимурод, сокини ноҳияи Айнӣ, деҳаи Зоосун ошкор карда шуда, барои риоя накардани талаботҳои қонунгузорӣ нисбати Соатов Ҳ. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Зарари ба табиат расонидашуда ба маблағи 1525,91 сомонӣ ҳисоб ва пешниҳодкарда шуд.
Сохтмони партовгоҳ дар деҳоти Воруи ш.Панҷакент
Бо дастгирии ташкилоти ғайритиҷоратии Фонди CESVI «Ҳамкорӣ ва Рушд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ дар ҷамоати деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент амалӣ гардида истодааст. Бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ва фахмонида додани моҳияти талаботҳои экологӣ дар сохтмони партовгоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Партовгоҳи сохташаванда дар ҷамоати деҳоти Воруии шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, масоҳати он 12000,0 м2 буда он дорои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ №635 аз 08.01.2019 сол аст. Мақсади татбиқи лоиҳаи мазкур ба роҳ мондани ҷамъоварӣ, кашонидан ва ҷойгиркунии партовҳои сахти маишии ҳудудҳои ҷамоати деҳоти Вору буда аз нигоҳи экологӣ муфид арзёбӣ мегардад.
Бартараф намудани партовгоҳи ғайрирасмӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ тариқи ҳашар бо иштироки аҳолии деҳа ва истифодаи 4 адад техника дар ҷамоати Гулакандози ноҳия 2 партовгоҳҳои ғайрирасмӣ бартараф карда шуд. Рафти ҳашар 24 метри мукааб партовхо ба партовгохи марказии ноҳия бароварда шуд.
Маърифатнокии ҷомеа
Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол ҷиҳати баланд бардоштани дониш ва маърифати экологии насли наврас , бо мақсади иттилоотонидани онҳо бо хабару маълумотҳое, ки ба ҳифзи муҳити зист алоқаманданд, имсол муассисаҳои таълимии шахр ба рӯзнома ва маҷаллаи «Инсон ва табиат» ва «Ҳифзи табиат» обуна гардиданд. Дирӯз дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 3 шаҳри Истиқлол дар дарси экологияи синфҳои болоӣ вохӯрии мудири бахши ҳифзи муҳити зист Ғозиев А. бо хонандагон гузаронида шуд.