Вазифаҳои асосии шуъба

- омӯзиш ва таҳлили вазъи муҳити зист, пайдоиш ва ҷараёни ҳодисаҳо, ғализшавӣ ва тамоюлҳои экологӣ, ташкили пешбурди мунтазами назорати таҳлилии муҳити зист.

- бурдани назорати таҳлилӣ бо истифодаи воситаю услубҳои ченкунии инструменталӣ, ташхисҳои кимёвӣ, физики, физико-кимёвӣ аз болоӣ;

- риояи стандартҳои муқарраршуда ва меъёрҳои ҳадди ҷоизи партовҳои (обпартовҳо) моддаҳои зараррасон ба муҳити зист аз манбаъҳои доимиии ифлоскунанда ва муттаҳаррик, ҳолат ва кори самараноки иншоотҳо ва таҷҳизотҳои тозакунӣ, тартиб ва шарти ихроҷи партовҳо (обпартовҳо) ба муҳити зист.

- риояи қоидаҳои муқарраркардашуда барои истеҳсол ва истифода, нигоҳдорӣ, фуруш, ҳамлу нақли пестесидҳо,нуриҳои минералӣ ва дигар мелиорантҳои кимёвӣ.

- бурдани назорати таҳлилии давлатӣ оид ба бехатарии радиатсионии маҳал бо тартиби муқарраргардида

- бурдани назорати таҳлилии давлатӣ аз болои кори лабораторияҳои вилоят, корхонаҳо ва хоҷагиҳои вилоят новобаста аз шакли моликият, тобеият ва мансубият.

- бурдани мониторинги муҳити зист дар қаламрави вилояти Суғд.

- таҳия намудани лоиҳаҳои стандартҳо, усулҳои ташхис,ченкуниҳои инструменталӣ ва меъёрҳои ҳадди ҷоизи партовҳо (обпартовҳо) ба муҳити табиӣ.

- бурдани назорати таҳлилии давлатӣ оид ба риояи меъёрҳои тасдиқшудаи партовҳо аз манбаҳои ифлоскунандаи доимӣ ва муттаҳарик, стандартҳои тасдиқшуда, меъёрҳои ҳадди ҷоизи партовҳо ба ҳавои атмосфера ва обпартовҳо, кори самараноки иншоотҳои тозакунӣ ва таҷҳизотҳо бо роҳи хоста гирифтани намунаҳо ва ташхиси газҳои хориҷшаванда ва обпартовҳо дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеият.

- бо роҳи гирифтани намунаҳо ва ташхисҳои  физико-кимёвии онҳо, муайян намудани миқдори моддаҳои зараррасон дар таркиби обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ, ҳавои атмосферӣ, хок, растаниҳо ва муайян намудани таносуби консентрасияи онҳо бо меъёрҳои тасдиқ кардашуда.

-додани протоколҳои ташхисӣ дар асоси натиҷаҳои таҳлили физико-кимёвӣ, ченкуниҳои инструменталӣ оиди риоя намудани меъёрҳои тасдиқшуда барои партовҳо ба ҳавои атмосферӣ, обу хок ва  растанӣ.

- бо назардошти пешниҳоди Раёсат муайян намудани миқдор ва даври гузаронидани ташхисҳои физико-кимёвӣ дар корхонаҳои вилоят.

- ба ҳисобгирии лабораторияҳои соҳавии ихроҷи моддаҳои зараррасон ба муҳити зист дар корхонаҳо, мувофиқат кунондани нақшаю барномаҳои кори лабораторияҳои назорати соҳавӣ ва ташхиси якҷояи намунаҳои обҳо, хок ва ҳаво аз рӯи нақшаи тасдиқшуда.

-барои ҳатман иҷро кардани супориш оид ба ташкил намудани лабораторияҳои соҳавӣ дар корхонаҳо ва гузаронидани аккредитатсияи онҳо аз ҷониби мақомоти стандарти давлатӣ пешниҳодҳо ирсол менамояд.

- бо истифода аз асбоб ва таҷҳизотҳои ҳозиразамон, омӯхтан ва ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами назорати лаборатории ихроҷи моддаҳои зараррасон аз манбаҳои ифлоскунандаи муҳити зистро амалӣ мегардонад.

- дар асоси ташхисҳои кимёвӣ додани протоколҳои ташхисӣ оид ба сифати нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳои дар хоҷагии қишлоқ истифодашаванда.

- иштирок намудан дар таҳия ва муҳокимаи меъёрҳои экологӣ ва шаклҳои ҳисоботи оморӣ ва соҳавӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист.

- якҷоя бо иттифоқи касаба ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳо оид ба такмили шаклу услубҳои ҳавасманди маънавии кормандонро тартиб дода, таҷрибаи пешқадамро меомӯзад ва дар амал ҷорӣ менамояд.

- иҷрои чорабиниҳо оиди ташкил кардани бехатарии шароити меҳнат, риояи қоидаҳои бехатарии техникӣ, истеҳсолӣ ва санитариро таъмин менамояд.

-чорабиниҳоро дар бораи мустаҳкам намудани интизоми меҳнат ва такмили ихтисоси кадрҳо дар амал ҷорӣ менамояд.

-бо риояи талаботи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳо ба корхонаю хоҷагиҳо, шахсони воқеъӣ оиди ташхисҳои физико-кимёвӣ ва ченкуниҳои инструменталии сифати ҳавои атмосферӣ, обҳо, намунаҳои хок, маҳсулотҳои кишоварзӣ, маводҳои ба ҳудуди ҷумҳурӣ воридшаванда ва содиршаванда, бехатарии радиатсионии маҳал, инчунин таҳияи лоиҳаҳои ҳадди ҷоизи партовҳо ба ҳавои атмосферӣ ва обпартовҳо хизмати арзишнок мерасонад.

- дар асоси ташхисҳо ва ченкуниҳои  инструменталӣ таҳия намудани маълумот оиди ҳолат ва динамикаи экологии маҳалҳо ва ҳудудҳои носолими экологӣ ва пешниҳод намудани таклифҳо ва Раёсат оиди бартараф намудани вазъи носолими экологӣ.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.