10 Февраль 2026

Нишасти матбуотии якҷояи чор сохтори вилоятӣ

  Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 9 феврали соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи калони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят нишасти матбуотии якҷояи чор сохтори вилоятӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият  дар соли 2025 доир гардид. Аз тарафи сохторҳо бевосита роҳбарон – сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Холзода С.Х., сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Қосимзода А., раиси Кумитаи идораи замини вилоят Толибзода Т., сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Ҷӯраев А. иштирок дошта, ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма ҷавоб пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ хабарнигорони воситаҳои ахбори омма, аз он ҷумла мухбирони рӯзнома ва маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета»,  «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Сухани халқ», «Шӯълаи умед», «Шафақ», «Ризқофарин», «Нилуфар», «Саломат бошед», «Кишоварзӣ», «Роҳнамои кишвар», «Муҳаббат ва оила», «Кайҳон», «Бонувони Тоҷикистон», «Сайҳун», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия плюс», «Спутник», «Суғд - пресса» телевизионҳои МД ТВ «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Синамо», телевизиони вилояти Суғд, ШТР «Азия», СМ-1, «Диёр», радиоҳои «Тоҷикистон», «Замон», «Пайванд», «Шаҳри ман», «Озодӣ», инчунин як ќатор рӯзноманигорони мустақил, таҳлилгар, коршинос ва мустақил, дар маҷмуъ 42 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба ҳамаи рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти чор сохтори болозикр дар соли 2025 дастрас гардид.

Читать далее

Мониторинги экологии минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд

  Тибқи нақшаи кори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд аз ҷониби мутахассисони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат дар минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои Спитамен ва Зафаробод мониторинги экологӣ гузаронида шуд. Санҷиши вазъи ҳаво дар 5 нуқтаи ҳудуди санитарӣ - муҳофизатӣ то хати сарҳад дар масоҳати аз 500 метр то 2 км дур амалӣ гардида, тағйирёбии тамоюли таъсир бо гирифтани 10 намунаи партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера муайян карда шуд. Натиҷаҳои ченкунӣ нишон дод, ки миқдори нишондиҳандаҳо ба монанди аммиак (NH3), оксиди карбон (СО), дуоксиди нитроген (NO2), фенол (C6H5OH), гидрогени сулфид (H2S), оксиди нитроген (N2O), формалдегид (CH2O), аммиак (NH3), гидрогенхлорид (HCl), хлор (Cl) ва чанг дар таркиби ҳавои атмосфера мутобиқи меъёр мебошанд. Ғайр аз ин, бо мақсади назорати сифат ва муайян намудани хосиятҳои физикӣ – кимиёвӣ аз 1 нуқтаи ҳавзаи дарёи Сир дар минтақаи наздисарҳадии ҳудуди ноҳияи Спитамен намунаи об гирифта, ташхис гузаронида шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.