Аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик ҳолатҳои сайди ғайриқонунии моҳӣ ошкор карда шуд. Қонуншиканӣ аз тарафи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом содир карда шуда, дар маҷмӯъ 9 сар моҳӣ мусодира карда шуд. Нисбати қуруқшиканон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 208 ва 223 тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияи Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров фиристода шуд.
Амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Истаравшан
Тибқи супориши Раиси Кумита, ки дар рафти сафари корӣ ба ш.Истаравшан баён гардида буд, аз тарафи кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳр амалиёти назоратӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи амалиёт ҳолати хушкшавии навниҳолҳо ва партофтани партовҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин ошкор гардид. Нисбати сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва директори КДФ ХМК-и шаҳр протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 221 ва 232 тартиб дода шуд. Инчунин дар ҷояш санад тартиб дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои иҷроишашон ҳатмӣ дода шуда, минтақаи мазкур бо иштироки 30 нафар ҳашарчиён ва техника пурра тоза карда шуд.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Гулистон
Ба истиқболи ҷашнҳои миллии дар пешистода, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист, дар асоси нақшаи корӣ кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар шаҳри Гулистон амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан
Санаи 9 августи соли 2022 дар доираи ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А, Раиси Суди Конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрзода А.А ва муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ифтитоҳ карда шуд. Майдони умумии ҷудо гардида 412 метри мураббаъ, майдони зери бино 256 метри мураббаъ ва худи бино аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум – маҷлисгоҳ, китобхона ва утоқњои корӣ ҷойгир карда шудаанд. Маҷлисгоҳ 25 ҷойи нишаст дошта, китобхона барои 1000 адад китобҳои адабиёти гуногун ва бо компютер таҷҳизонида шудааст, ки дар он китобхонаи шакли электронӣ насб гардидааст. Дар ошёнаи дуюм - қабулгоҳ ва 5 адад утоқњои корӣ барои кормандон ҷойгир буда, њамаи онњо бо лавозимотҳои зарурӣ барои фаъолияти мутахассисон, аз он ҷумла 4 адад компютер ва принтер (3 дар 1) таҷҳизонида шудааст.
Нишасти матбуотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 25 июли соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли сипаригашта доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Ризқофарин», «Нилуфар», «Кайҳон», «Тирози ҷаҳон», «Соҳил», «Набзи рӯз», оҷонсиҳои иттилоотии «Озодӣ», «Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои ШТР «Азия», СМ-1, Танин, «Диёр», «Сафина», «Синамо», «7 Ситора» дар маҷмӯъ 26 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи аввали соли 2022 дастрас гардид.
Страница 95 из 311