Дар толори тарабхонаи «Олимиён»-и шаҳри Конибодом вохўрии гурўҳи корӣ оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати муайян намудани мақоми ҷангалзори тўқай бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр, намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, мудир ва сармутахассиси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳр, раис ва кормандони Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», коршинос – эколог ва намояндаи васоити ахбори омма баргузор гардид. Вохўрии мазкур барои пешниҳод намудани таклифҳо, ки ҳангоми таҳияи «Нақшаи рушди ҷангалзори тўқай дар минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик» ба инобат гирифта мешаванд, бахшида шуд. Тибқи барнома дар рафти вохўрӣ ба иштирокдорон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар бораи мақсади таъсиси гурўҳи корӣ, раиси Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳри Конибодом шиносоӣ бо ҳолати имрўзаи ҷангалзори тўқай ва фаъолияти худи ҷамъият, дар бораи лоиҳаи татбиқ гардидаистода раиси ТҶ «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», аз ҷониби коршинос ва мутахассис – эколог оид ба ҳолати минтақа, нақши он дар вазъи иҷтимоӣ - иқтисодии аҳолии минтақа, муҳимияти нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва муаммоҳои ҷойдошта баромаду презентатсия пешниҳод гардид.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Конибодом
Бо мақсади дар сатхи баланд пешвоз гирифтани љашни 31-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера бањри беҳбудии муҳити зист, дар асоси нақшаи корӣ кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар њамљоягї бо нозирони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Конибодом дар кучаи марказии Исмоили Сомони амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Рафти амалиёт 34 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 8 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Экскурсияи иттилоотии сайёр дар Маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик»
Баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд тадбирҳои амалиро андешида истодааст. Мутобиқи талаботи банди нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барнома, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба њифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилояти Суғд барои хонандагон ва омӯзгорони фанни экологияи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Б.Ғафуров экскурсияи иттилоотии сайёр дар Маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик»-и Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ташкил ва гузаронида шуд. Чорабинии мазкур барои минбаъд муайян намудани нақшаи ҳамкорӣ ва такон бахшидани раванди иҷрои Барнома дар соҳаи маориф бахшида шуда, дар рафти он иштирокдорон бо ҳудуди ҷазира, парвариши мурғи даштии тазарв, мурғобӣ ва моҳӣ, маълумот дар бораи Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сайёҳии экологӣ шинос гардиданд.
Гузаронидани шанбегӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба холати экологӣ, аз партовҳои мухталиф тоза намудани маҳаллаҳои аҳолинишин бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ зиёда аз 60 нафар аҳолии ҷамоат иштирок намуда, як адад партовгоҳи бесоҳиб тоза ва пурра бартараф карда шуд. Дар натиҷа ба партовгоҳи маркази ба миқдори 6 м3 партов бароварда шуд.
Гузаронидани амалиёти назоратӣ дар ш.Хуҷанд
Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи мутахас-сисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ш.Хуҷанд дар кӯчаи Р.Ҳоҷиев буриши ғайриқонунии шохидарахти сановбар ошкор гардид. Нисбати қонуншикан Абдурасулова Х. сокини ш.Хуҷанд, ки бе иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист шохаи дарахтро буридааст, дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд.
Страница 93 из 311