Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 02.02.2017 сол таҳти №36 «Дар бораи эълон намудани 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар қаламрави вилоят ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ», бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияи «Тозагии маҳал»-ро гузаронид.
Дар рафти аксия 17231 нафар аҳолӣ иштирок дошта, 34900 м ҷӯйбору латокҳо , 30006 м2 ҳудуди маҳалхо, 31050 км қадди роҳҳо тоза тоза, 500 м2 биноҳо сафед, , 750 м соҳилҳои обӣ, дарё ва сойҳо тоза, 1200 бех дарахтон шинонида, 5000 м каналу заҳбурҳо тоза, 550 адад дарахтон сафед, 1060 м майдонҳо аз алафаҳо тоза, 317,5 м3 партовҳо бароварда ба партовгоҳҳо бароварда шуд.



Баҳри амалӣ намудани «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.04.2017 таҳти №41 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2017», Қарори Раиси вилояти Суғд аз 02.02.2017 сол таҳти №36 «Дар бораи эълон намудани 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар қаламрави вилоят ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ва фармоиши
Санаи 21 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ба ифтихори 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии Замин ва ба истиқболи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-амалии вилоятии «Замин пайванди инсон ва табиат» баргузор гардид.
Дар коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров санаи 24 апрели соли равон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон



