Бахшида ба «Соли ҷавонон» ва доир ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Конибодом аз 28 то 30 июни соли равон чорабиниҳои мухталиф ба монанди сӯҳбату мулоқотҳо, аксияҳои экологӣ, тренингҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниҳои мазкур бо иштироки ҷавонони фаъол, кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Раёсати кор бо ҷавонон ва клуби волентерони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Рузи якум дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолҷавонон – донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд мулоқот, боздид аз Осорхонаи миллӣ ва Боғи Камоли Хуҷандӣ, тамошои филми ҳуҷҷатии «Хона» оид ба ҳифзи муҳити зисти сайёра дар «Қасри ҷавонон»-и шаҳри Хуҷанд ва аксияи экологӣ таҳти унвони «Тозагии муҳити зист қарзи шаҳрвандии мост» дар маркази ш.Хуҷанд доир гардид.




Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 3 июн дар назди театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки ситораҳои санъати вилоят консерти идона баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Аюб Раҳматов ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темур
Бахшида ба
Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба истиқболи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 3 июни


