Баҳри иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, санаи 24 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо семинари бозомӯзӣ гузаронида шуд. Мувофиқи барнома дар семинари мазкур масъалаҳои муҳим – фаҳмонида додани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», фаҳмонида додани тартиби дурусти ҳисоби пардохтҳои ҳатмии экологӣ, моҳияти «Кодекси одоби хизматчии давлатӣ», тарзи ҳисоби пардохти ҳифзи ҳавои атмосфера ва ҳисоби зарар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ», гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ, тарзи дуруст тартиб додани ҳисоботҳо, пардохти ҳатмии экологӣ, минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои обӣ, коргузорӣ оид ба баррасии муроҷиатҳои хаттӣ, электронӣ ва шифоҳии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси талаботи Қонун ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда баррасӣ гардид.
Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Деваштич
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич маълумот дод, ки дар хоҷагии ҷангали ба номи Ғаниҷон Мӯсоеви ноҳия дар якҷоягӣ бо мутахассисони бахш бинобар сард ва сербориш омадани обу ҳаво дар доираи чорабиниҳои биотехникӣ барои ҳайвонот ва паррандаҳои ёбоӣ ему хошок ва резадонаи ғалладонагиҳо ба доманакӯҳҳои сербарф гузошта шуд.
Тибқи баҳисобгирии мутахассисони соҳаи ҷангал-парварӣ дар хоҷагии мазкур тақрибан 500 кабутар, 30 сар хуки ёбоӣ, 15 гург, 130 сар харгуш, 93 сар рубоҳ , 3 сар хирс, 20 сар бузи куҳӣ, 200 кабк ва дигар ҷонварон ба қайд гирифта шудаанд.
Корҳои ободониву созандагӣ дар ш.Исфара
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шахри Исфара дар шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ороишиву ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ гузаронида шуда истодааст. Дар ин росто дирӯз дар маҳаллаи Офтобруйи ҷамоати деҳоти Навгилем ва МТМУ № 13-и ҳамин ҷамоат бо дастгирӣ ва иштироки васеи аҳли сокинони маҳалла зиёда аз 1809 бех дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонида шуд.
Корхои биотехникӣ дар ноҳияи Ашт
Дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд корҳои биотехникӣ идома дорад. Барои пешгирӣ намудани фавти ҳайвонот ва паррандагони ваҳшӣ аз сардиҳои зимистони соли равон ва ҳифз намудани онҳо дар талу теппаҳо, доманакӯҳҳои мавзеъҳои зисти онҳо тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва хоҷагии ҷангали ба номи Н.Хувайдуллоев дар мавзеи Ушунсой, Надок – 1, Надок -2 200 кг гандум, 300 кг хошок, 40 кг намак ва аз тарафи хоҷагии ҷангали С.Сармусоқов дар мавзеъи Оқтош, Оби Ашт, Болои Ғудос 407 кг донагӣ ва 2 тн хошок пошида шуд.
Корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 5500 - солагии шаҳри Саразм
Баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣва ҷашни бузурги миллат 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат ҷараён доранд. Бино ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар миқёси шаҳр як қатор корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.
Страница 230 из 311