Рӯзи байналмилалии муҳити зист

 Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист санаи 3 июн дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маросими қадрдонии кормандони Раёсат, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ташкилоти ҷамъиятӣ, соҳаи маориф баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон иштирокчиёнро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборакбод намуда, қайд намуд, ки ин рўзҳо барои ҳамаи кормандон, мутахассисон ва алоқамандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, дўстдорони табиат, умуман нафароне, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, рўзи фаромӯшнашаванда ва хурсандибахш аст. Зеро Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад ва ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, дар маҷмўъ зиёда аз 130 давлат санаи 5–уми июнро ботантана қайд менамоянд.

  Дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5 июн ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардида, дар асоси он ҳар сол, ҳамчун Рўзи байналмилалии муҳити зист таҷлил мегардад ва ба масъалаҳои мубрами экологӣ, аз ҷумла тоза нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифз намудани сарватҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ диққати махсус дода мешавад.Сипас, як қатор кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ташкилоти ҷамъиятии Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф, декани факултаи геоэкологияи МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, мудири шуъбаи табиатшиносони ҷавон, экология ва ҳифзи муҳити зисти Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо Сипоснома ва тухфаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://www.ecosugd.tj/ru/news/915-05re062021.html#sigProGalleria7da66787a5
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.