Шиносоии Раиси Кумита аз ҷараёни сохтмони бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Бӯстон

   Баҳри таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар ҷараёни сафари корӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. аз ҷараёни корҳои сохтмони бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон дидан намуданд. Бинои мазкур аз се ошёна, 5 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори маҷлисгоҳ ва меҳмонхона иборат аст. Айни ҳол дар гирду атрофи бино корҳои ободонӣ ва васлу насби таҷҳизотҳо идома дорад. Раиси Кумита Шерализода Б.А. ба масъулон ва сохтмончиён барои босифат анҷом додани корҳои боқимонда дастуру супоришҳо доданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.