Чорабиниҳо бахшида ба санаи 22 март - Рӯзи байналмилалии об

 Тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз 10.03.2021, №14, бахшида ба санаи 22 март - Рӯзи байналмилалии об ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 дар миқёси вилояти Суғд як қатор чорабиниҳои экологӣ баргузор гардид. Дар шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби зерсохторҳои раёсат аксияи «Тозагии соҳил» ва семинару вохўриҳо, аз он ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ доир ба мавзӯъҳои бахшида ба ҳифзи захираҳои об гузаронида шуд. Мувофиқи маълумот дар рафти аксияи «Тозагии соҳил», ки дар 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста аз обуҳаво дар маҷмӯъ, беш аз 95,8 ҳазор нафар аҳолии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, 43,8 км соҳили манбаҳои обӣ тоза гардид ва 52,5 метри мукааб партовҳо бароварда шуд.

  Ҳамзамон, бахшида ба ин санаи муҳими экологӣ 18 марти соли 2021 дар толори раёсат семинари амалӣ барои мутахассисони вобаста ба самти ҳифзи захираҳои об баргузор гардид. Дар кори семинар, тибқи барнома аз ҷониби сармутахассисони раёсат барои иштирокдорон баромадҳо дар мавзӯҳои «Моҳияти қонунгузории амалкунанда дар самти оқилона истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об», «Фаҳмонидани моҳияти моддаҳои 173, 174, 175, 176, 178, 179-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашри нави соли 2020», «Тарзи дурусти ҳисоб намудани пардохтҳои ҳатмии экологии партовобҳо ва зарар», «Тарзи гирифтани намунаҳои партовобҳо барои ташхис ва мӯҳлати гирифтан он», саволу ҷавоб бо сармутахассисони оид ба ҳуқуқ ва шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби раёсат, муҳокимаи маърӯзаҳо сурат гирифт. Семинари мазкур бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ба мутахассисони вобаста ба самти ҳифзи захираҳои оби мақомоти ҳифзи муҳити зист дар иҷрои вазифаҳои касбӣ ва пешбурди фаъолияти минбаъда гузаронида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.