Бунёди боғи интенсивии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Санаи 3 марти соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода , муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода, раиси ноҳияи Б.Ғафуров Зариф Вализода, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист  дар майдони  1 га  боғи  интенсивӣ  бунёд  намуданд.

Ин тадбир дар асоси талаботи барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020, дар пайравии иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивӣ дар ноҳияи Хисору Хуросон рӯи кор омадааст.

Баъдан Раиси Кумита ва муовини Раиси вилоят ба идораи Раёсат ташриф оварда, дар саҳни он ниҳолҳои дарахтони нодири ҳамешасабз шинониданд. Ҳамзамон аз тарафи онҳо бонувони собиқадори соҳа ба муносибати Рӯзи  Модар аёдат карда шуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.