Б
о мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва таъмини иҷрои нақшаи амали соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳар ҳафта, вобаста аз обу ҳаво чорабиниҳои шинонидани ниҳолҳои намуди ороишии ҳамешасабз гуаронида шуда истодааст. Дар шаҳри Гулистон ҳангоми ду маротиба гузаронидани аксияи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди боғи назди кӯчаи ба номи А.Ҷомӣ, дар назди дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ ва гардиши минтақаи истироҳатии шаҳр 510 бех ниҳолҳои намуди санавбар ва 200 бех намуди ардач бо иштироки раиси шаҳр шинонида шудааст. Ҳамзамон, дар даромадгоҳи ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд, раиси шаҳр ва сокинони ҷамоати шаҳрак 55 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишии санавбар шинонида шуд. Дар шаҳри Исфара чорабинии ниҳолшинонӣ бо иштироки 350 нафар шаҳрвандон ба амал омада, дар рафти он 2000 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи ороишии санавбар шинонида шуд ва баргузории чунин чорабинӣ бо нинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз дар қадди шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар ноҳияи Шаҳристон низ амалӣ гардидааст. Маъракаи ниҳолшинонӣ дар миқёси вилояти Суғд идома ёфта тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист то охири моҳи январ маълумоти ҳамаи ниҳолҳои давоми моҳ шинонидашуда ҷамъбаст гардида, минбаъд оғоз аз моҳи феврал шаҳру ноҳияҳо оид ба рафти иҷрои нақшаи ниҳолшинонии соли 2026 дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ҳар 10 рӯз ба сарраёсат маълумоти хаттӣ пешниҳод менамоянд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
Добавить комментарий


