Б
о мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расонидани муҳтавои он ба кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, инчунин қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» дар маҷлисгоҳи сарраёсат ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши омӯзишие, ки таҳти унвони «Паём – кафили зиндагии шоистаи мардум» ба амал омад, мудири шуъбаи омори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Нурзод Розиқ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимов Ф., намояндаи кумиҷроия дар вилоят Бобоева З. ва дотсент, номзади илмҳои география, сармутухассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» Турдиев Т. иштирок ва суханронӣ карданд. Ба чорабинии мазкур муовини сардори сарраёсат ҳусни ифтитоҳ бахшида, зимни суханронии худ масъалаҳои сарҳадӣ, ташаббусҳои Тоҷикистону қабули қатъномаҳо ва дигар рӯйдодҳои таърихии дар Паёми навбатӣ қайдгардидаро таъкид намуд.
Дар рафти ҳамоиши омӯзишӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи марказӣ ва ҳам вилоятии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муфассалу мушаххас доир ба нуқтаҳои асосӣ ва калидии Паёми Пешвои миллат, муҳтавои амиқ ва ҳадафҳои стратегӣ, масъалаҳои рушди иқтисодии миллӣ, дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ҳамзамон, аз тарафи намояндаи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» дар бораи бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера», инчунин вобаста ба моҳияти қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» суханронӣ карда шуд. Аз ҷониби устод Турдиев Т.М. ҳамчун муаллиф китоби тозанашри худ дар бораи пиряхҳои Тоҷикистон ба китобхонаи сарраёсат тақдим гардид.


