Б
о мақсади пурзўр намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи олами ҳайвонот, дар асоси нақшаи корӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара сокини шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Чоркўҳ Ҳаёзода М. боздошт гардид, ки бе иҷозати мақомоти дахлдор бо шикори ғайриқонунии парандаи хушхон саъба машғул буд. Бо ин кирдор қонуншикан талаботи моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”- ро вайрон намуд. Дар натиҷа нисбати қонуншикан мутобиқи моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд. Саъба яке аз парандаҳои хушхон ва писандидаи дўстдорони табиат буда, ҳарчанд ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил нагардидааст, аммо парандаи муқими нодирест, ки онро барои зебогиаш шикор намуда дар қафас нигоҳ медоранд. Ин амали инсонҳо метавонад минбаъд сабаби кам гардидани ин парандаи хушхон дар Тоҷикистон гардад.
Пешгирии шикори ғайриқонунии парандаҳои хушхон
Добавить комментарий


