Экосистемаҳои Осиёи Марказӣ, аз кӯҳҳо то заминҳои лалмӣ, дар зери таҳдиди амалҳои ноустувори истифодаи замин ва таъсири афзояндаи иқлим қарор доранд. Соҳаҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар намуди истифодабарии замин бо мушкилоти рӯзафзун, аз ҷумла шароити номусоиди обу ҳаво, обшавии пиряхҳо ва таназзули замин рӯбарӯ мешаванд, ки ҳамаи онҳо ба ҳосилнокӣ, амнияти озуқаворӣ ва воситаҳои зиндагии деҳот халал мерасонанд. Манзараҳои муштараки фаромарзии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ниёз ба вокунишҳои ҳамоҳанг ва фаромарзӣ доранд. Дар ҷавоб ба ин мушкилотҳои муштарак, пешнависи лоиҳаи минтақавӣ оид ба «Манзараҳои ба иқлим тобовар дар Осиёи Марказӣ» дар ҳамкорӣ бо шарикони миллии ин се кишвар таҳия карда шуд. Он ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ, баланд бардоштани иқтидор ва татбиқи низомҳои ҳамгирошудаи истифодаи замин, ки ба тағйирёбии иқлим устуворанд, равона шудааст. Дар ин замина, баргузории семинари ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми ваколатдори миллии Фонди иқлими сабз дар кишвар ва ташккилоти GIZ бо мақсади таъмини ҳамгироии афзалиятҳои миллӣ ва воқеиятҳои маҳаллӣ дар банақшагирии лоиҳа пешбинӣ гардида, диққати асосӣ бахусус ба вилоятҳои Суғду Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла водии Фарғонаи вилояти Суғд ва минтақаҳои вилояти Хатлон, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаммарз мебошанд, равона шудааст.
Бо ин мақсад дар толори МД маҷмааи фарҳангӣ – таърихии «Қалъаи Хуҷанд» давоми ду рӯз аввалин вохӯрии машваратӣ оид ба таҳияи лоиҳаи нави минтақавӣ дар самти кишоварзӣ, истифодабарии замин ва ҷангал бо назардошти масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Зафаробод, Ҷ.Расулов, ташккилоти GIZ, соҳаи кишоварзӣ, Сарраёсати омори вилоят, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят, Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ташкилоти байналхалқию ҷамъиятӣ, коршиносон ва дигар намояндагони ба мавзӯъ алоқаманд иштирок доштанд. Иштирокчиён монеаҳо ва имкониятҳоро барои татбиқи самараноки чораҳои устувории иқлимӣ баррасӣ карда, фикру андешаҳои худро баён намуданд. Дар навбати худ ин барои такмил додани самтҳо ва стратегияҳои дахолат ба назар гирифта мешавад, ки тарҳи лоиҳа ҳам ба афзалиятҳои миллӣ ва ҳам ба воқеияти маҳаллӣ мувофиқат кунад. Ҳадафи семинар - машварат амиқтар кардани ҳамкориҳо бо ҷонибҳои манфиатдор аз ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, академия, бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ ва кафолат додани он, ки лоиҳа ҳам ба далелҳои илмӣ ва ҳам воқеияти ҷомеа асос ёфтааст ва ба устувории иқлим дар соҳаҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар намуди истифодабарии замин дар саросари Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.