Баргузории аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки хонандагон

 Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон, ташаккули  мавќеи фаъол  ва ҷалби онҳо  ба  ҳалли муаммоҳои экологӣ, татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят  ва ҳамкории шуъбаи маорифи ш.Хуҷанд  аксияи «Тозагии маҳал» дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабиниҳои  экологӣ хонандагони муассисаҳои  таълимии миёнаи умумии  №№ 9, 23 ва Муассисаи таълимии давлатии мактаб барои хонандагони болаёқат ҳамагӣ 200 нафар иштирок доштанд.  Сарраёсат иштирокчиёни аксияро  бо футболка ва сарпуш, халта барои ҷамъоварии партовҳо ва дастпӯшак таъмин намуд. Иштирокчиёни аксия  роҳҳои  протоколӣ ва заминҳои ҳамшафати онҳоро аз партовҳои  маишиву пластикӣ тоза ва ҳамагӣ 90 халта партов ҷамъоварӣ  намуданд.

 Дар қисми расмии ҷамъбасти аксия, ки дар Муассисаи таълимии давлатии мактаб барои хонандагони болаёқат баргузор гардид, муовини сардори Сарраёсат Каримзода Ф., директори муассиса Умаров О.,  намояндаи Корхонаи фаръии истифодабарии соҳили рост оид ба масъалаҳои экологии ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо,  иштироки  фаъолона ва саҳми хонандагон ва аҳли ҷомеа баҳри беҳдошти муҳити зист баромад намуданд. Сипас муовини сардори Сарраёсат Каримзода Ф. барои иштироки фаъолонаи мактаббачагон дар беҳдошти муҳити зист, барои гирифтани ҷойи 1-ум  МТД мактаб барои хонандагони болаёқатро бо диплом ва 1 адад компютер, ҷойи дуюм ба МТМУ № 9 бо диплом ва 1 адад  проектор  ва ҷойи сеюм ба МТМУ № 23  бо диплом ва як адад принтер  қадрдонӣ намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.