Ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагии интерактивӣ оид ба экология

  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бобати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри  Ҳуҷанд ва дигар сохтору ташкилот ҳамкориро амалӣ намуда истодааст. Баҳри иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур дар толори Коллеҷи технологӣ ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодом тренинги дурўза барои намояндагони соҳаи маориф, омўзгорони фанни экология ва вобаста ба табиатшиносӣ гузаронида шуд. Боиси қайд аст, ки бо мақсади омўзонидани маълумоти нав ва равандҳои инноватсионӣ дар таҳияи лоиҳаҳо, ки ба рушди минбаъдаи ҷаҳонбинӣ нигаронида шудааст, як қатор коршиносон ва экспертҳои даъватгардида баромаду презентатсия пешкаш карда, бо иштирокдорон «мастер - класс» баргузор намуданд. Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ ба омӯзгорон ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр оид ба «Ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагии интерактивӣ оид ба экология», дар баробари ин дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ»,  «Муаммоҳои партовҳои пластикӣ ва роҳҳои кам намудани онҳо» ва дигар мавзўъҳои муҳим презентатсия, баромад ва маълумот пешниҳод гардид.

   Қайд кардан ба маврид мебошад, ки чорабинии мазкур дар доираи Лоиҳаи «Мусоидат ба ҳифзи захираҳои об ба воситаи ташаккули муносибати эҳтиёткорона ва пешниҳоди лоиҳаҳои инноватсионӣ оид ба истифодабарии самараноки об дар водии Фарғона», ки бо дастгирии Лоиҳаи минтақавии ташкилоти байнахалқӣ (USAID) амалӣ шуда истодааст, ташкил ва баргузор гардидааст. Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд барои амалӣ намудани фаъолияти минбаъда оид ба беҳбудии вазъи иҷтимоию экологии минтақа ва ҳифзи муҳити зист ҳамкории судмандро бо чунин ташкилоту сохторҳо, муассисаю идораҳо, аз он ҷумла Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд мунтазам идома медиҳад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.