Бо мақсади ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои моҳии ҳавзаи Сирдарё ва обанбори «Баҳри Тоҷик», тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 30.10.2017, № 96 ва мувофиқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» маъракаи такрористеҳсолкунии захирахои моҳи гузаронида шуда истодааст.
Аз тарафи истифодабарандагони захираҳои табиии моҳии ҶСК «Моҳипарварии Гулистон» ва «Моҳии тоҷик» мувофиқи нақшаи чорабинихои гузаронида, то имрӯз ба обанбори «Баҳри Тоҷик» 900 ҳазор дона моҳичаҳо паҳн карда шуд. Бояд қайд кард, ки сифати моҳичаҳои паҳншуда, ба монанди пешонапаҳн ва амури сафед ба талаботхои стандартӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Дар нақша ҳаст, ки миқдори моҳичаҳои паҳнкарда мешуда дар соли равон ба як миллион дона расонида шавад.



Санаи 29 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо – раисони комиссияи байниидоравии маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист – котибони комиссияҳои маҳаллӣ ва шахсони масъул аз Раёсати ҳифзи муҳити зист ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа ду масъала - оид ба рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», ки дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 25.05.2015, №263 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул гардидааст ва вазифагузорихо барои фаъолияти мибаъдаи комиссия баррасӣ карда шуд.
Бахшида ба Рӯ
Санаи 13 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бахшида ба 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 солагии Иҷлосияи ХУ1-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятии