
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 5 июн - Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ санаи 24.05.2018 вохўрии намояндаи Раёсат бо омўзгорон ва донишҷўён доир гардид. Бо сухани ифтитоҳи муовини ректор оид ба илми Донишкада баромад намуда, бобати аҳамияти ҷомеаи имрўза ба масъалаҳои экологӣ, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои табиӣ, зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон изҳори ақида намуд. Баъд аз он, якҷоя бо донишҷўён филми ҳуҷҷатии «Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол», ки ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бахшида шудааст тамошо карда шуд.



Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зистро Ассамблеяи Генералии СММ соли 1972
Д
Мувофиқи нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Исфара гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 16 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳри Исфара ирсол гардид.