Раёсат баҳри татбиқ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкории доимӣ дошта, баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии аҳолӣ ҳамаҷониба корбарӣ намуда истодааст.
Бо ин мақсад санаи 24 январи соли равон дар муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд» вохӯрӣ бо иштироки намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид. Пас аз сухани ифтитоҳии директори литсейи мазкур намояндаи раёсат сараввал оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.



Б
Шоҳин яке аз парандагони нодири соҳибчангол ба ҳисоб меравад, ки дар гузашта ашрофзодагон ҳамчун парандаи шикорӣ истифода мебурданд ва сабаби шоҳин ном гирифтани он низ дар ҳамин аст. Он дар минтақаҳои биёбонии
Санаи 4 январи соли 2019