Эълон

 

 Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

 - Сардори Шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 1334,80 сомонӣ; (категорияи сеюм)

 - сармутахассиси Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат, маоши мансаби 894,40 сомонӣ; (категорияи панҷум)

- мутахассиси пешбари Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат, маоши мансаби 769,60 сомонӣ; (категорияи шашум)

- мутахассиси шуъбаи экспертизаи экологии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 634,40 сомонӣ; (категорияи ҳафтум)

Мурғи ҳилоли тибетӣ – паррандаи соли 2017

Мурғи ҳилоли тибетӣ паррандаи хоси муқимии баландкӯҳҳои Помири Шарқӣ буда, дар қаторкӯҳҳои Вахон, Сарикӯл ва Аличури Ҷанубӣ паҳн гардидааст. Ин парранда намояндаи калонҷуссаи тазарвҳо буда, вазни фардҳои болиғи он аз 2 то 3 кг-ро ташкил медиҳад. Муҳити хоси сукунати мурғи ҳилол минтақаҳои баландкӯҳи дорои нишебиҳои серхарсангу марғзорҳои алпӣ, ки дар баландиҳои 3600-5200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд, ба шумор меравад. Мавҷудияти сарчашмаҳои обӣ яке аз шартҳои асосии сукунатгоҳи ин парранда маҳсуб меёбад. Ғизои мурғи ҳилол растаниҳои марғзори алпӣ ва ҳашароти хурд мебошанд. Мурғи ҳилол паррандаи сернасл буда, аз 6 то 15 тухм мегузорад. Саршумори умумии ин парранда дар Помири Шарқӣ тақрибан 400 сарро ташкил медиҳад.

Эълони озмун байни мактаббачагон дар мавзӯи «Тоҷикистон – сарчашмаи обҳои зулол»

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба ифтихори 22 март – Рӯзи умумиҷаҳонии об, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ озмуни вилоятӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон –сарчашмаи обҳои зулол» эълон менамояд. Озмун дар байни хонандагони синфҳои 6-8, 7-11 бо 3 номинатсия: «Расми беҳтарин», «Сурати беҳтарин» ва «Рӯзномаи девории беҳтарин» гузаронида мешавад. Қабули маводҳо то санаи 5  марти  соли 2017.

Дастрас намудани низомномаи эълон

Телефон барои маълумот  4-39-27

2 феврал – Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ

Ҳамасола 2-феврал аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва ҳукумати кишварҳо ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад.

Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб таҷлил карда мешавад. Соли 1971 дар Эрон Конвенсияи СММ оид ба муҳофизати мавзеъҳои обию ботлоқӣ аз ҷониби 18 кишвар ба имзо расид. Соли 2000 шумораи кишварҳои аъзо ба 119 расид, ки имрӯз бошад 159 кишвар ба узвияти Конвенсияи Ромсар ҳамроҳ гаштаанд. Шумораи мавзеъҳои обию ботлоқие, ки дар таҳти муҳофизат қарор гирифтааст, 1869 адад буда, майдони умумиашон 1836000 (як миллиону ҳашсаду сиву шаш ҳазор) км2-ро ташкил мекунад. Шароитҳои табиии ин мавзеъҳо барои зисти бисёр намуди паррандаҳо, ҳашарот, моҳӣ ва дигар ҳайвонот мувофиқ аст. Инчунин заминҳое, ки ба рӯйхати мавзеъҳои обию ботлоқӣ дохил мешаванд, дорои захираҳои маъданҳои фоиданок мебошанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.