Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии давлатии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом дар назди пойгоҳи обкашии «Маҳрам» бо ҷалби кормандони идораи хоҷагии об ва истифодаи техникаҳо аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия заминҳои назди насоси обкашӣ ба масоҳати 1,5 га тоза карда шуда, заҳбури байнихоҷагӣ ба масофаи 0,7 км тоза карда шуд.
Ҳамчунин агрегати дуюми насоси обкашӣ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ҷ/д Э.Шарифов ва ҷ/д А.Лоҳутӣ пурра истифода хоҳанд бурд. Рафти гузаронидани аксия таввасути ТВ маҳалли ва садо инъикос карда шуд.




Баҳри иҷрои нақшаи корӣ,
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич маълумот дод, ки дар хоҷагии ҷангали ба номи Ғаниҷон Мӯсоеви ноҳия дар якҷоягӣ бо мутахассисони бахш бинобар сард ва сербориш омадани обу ҳаво дар доираи чорабиниҳои биотехникӣ барои ҳайвонот ва паррандаҳои ёбоӣ ему хошок ва резадонаи