
Санаи 22 апрел дар толори МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» бахшида ба Рўзи умумичаҳонии замин семинар – машварати минтақавӣ таҳти унвони «Замин – кафили амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид. Дар кори семинар – машварати мазкур ба ғайр аз кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ва устодону донишҷўёни донишгоҳ, олимон аз Маркази хокшиносию мелиоративии Институти хокшиносии Точикистон дар вилоят ва филиали Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Точикистон дар вилояти Суғд, ҳамчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар оғози семинар суханҳои ифтитоҳии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва муовини ректор оид ба илм ва иноватсияи донишгоҳ шунида шуд.



Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷўйборҳо ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», иҷроиши фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.01.2020., №10 дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2020»
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд эҳтиромона ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои давлатӣ, таъмини иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супориши Шумо санаи 18 апрели соли 2020 бо ҷалби васеи аҳолӣ, корхона, ташкилот ва муассисаҳо аксияи “Тозагии маҳал” ва шанбегӣ гузаронида шуд. 