Май 2026
21 Май 2026
22 май - Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ «Дар сатҳи маҳаллӣ амал мекунем — барои таъсири глобалӣ» мавзӯи рӯз дар соли 2026
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Т
оҷикистон кишварест, ки дар он ҳазорон намуди растаниҳо ва ҳайвонот мавҷуданд. Гуногунии биологӣ ин гуногунии тамоми мавҷудоти зинда, аз ҷумла растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳои гуногун, маълумоти генетикии онҳо ва экосистемаи онҳо мебошад. Гуногунии биологӣ захираҳои асосии фаъолияти устувори ҳаётан муҳимро таъмин менамояд. Ҳарчанд мафҳуми мазкур, яъне гуногунии биологӣ аз соли 1985 инҷониб истифода мешавад, аммо талафоти азими глобалии гуногунии биологӣ, ки ҳоло ба назар мерасанд, инъикоси бӯҳроне мебошанд, ки ба тағйирёбии иқлим баробаранд ё эҳтимолан аз он ҳам зиёдтаранд. Дар тамоми дунё барои ҳифзи табиат ва поймол нашудани он мубориза мебаранд, аммо дар қисмати камшумори он барои ҳифзи гуногунии биологӣ, захираи тухмиҳои нодири ба ҳар як маҳал мувофиқ ҷамъоварӣ ва муҳофизат карда мешавад. Гуногунии биологӣ дар ҷаҳон ба як барномаи махсус ниёз дошта, ин кор бо ташаббуси Барномаи ҳифзи муҳити зисти СММ оғоз ёфта буд. 22 майи соли 1992 дар Конференсияи СММ доир ба муҳити зист ва рушд, ки дар Рио-де–Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул гардид. Имрӯз 188 кишвар аъзои ин Конвенсия мебошанд. Ҳадафи асосии Конвенсия – дар сатҳи генетикӣ, намудӣ ва экосистемагӣ нигоҳдории гуногунии биологӣ мебошад.
15 Май 2026
Амалиёти «Ҳавои тоза»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
о мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат ва шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом ва ноҳияи Б.Ғафуров бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар кўчаҳои протоколии шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодом, шоҳроҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар амалиёт 92 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 19 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА шаҳру ноҳия ирсол гардид.
Амалиётҳои назоратӣ дар давраи тухмгузории моҳӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Д
ар асоси нақшаи кории тасдиқгардида ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратии муштараки кормандони шуьбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Б.Ғафуров ва шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар ҷамоати деҳоти Хистеварз (тарафи чапи соҳили Баҳри Тоҷик) ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳолати сайди ғайриқонунии моҳӣ ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати қонуншикан санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуда 57 сар моҳиҳо мусодира карда шуд. Хотиррасон бояд кард, ки бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар тамоми дарёҳою обанборҳои ҳудуди вилояти Суғд аз санаи 15 март то 1 июни соли 2026 моҳидорӣ манъ карда шудааст.


