06 Февраль 2026

Насби баннери таблиғотӣ дар шаҳри Истаравшан

  Бо мақсади ҷалби бештари шаҳрвандон ба корҳои кабудизоркунию ободонӣ дар маъракаи ноҳолшинонии мавсими баҳори соли 2026 ва таъмини иҷрои нақшаи амали «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки тибқи нақша дар соли 2026 шинонидани 64800 бех ниҳолҳо дар шаҳри Истаравшан пешбинӣ гардидааст, аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳр як қатор тадбирҳо андешида шуда истодааст. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист барои даъвати шаҳрвандону сокинони ҷамоати шаҳраку деҳот корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ гузаронида, яке аз тадбирҳо ин аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист насби лавҳаи калонҳаҷм – баннери таблиғотӣ бо шиори «Биёед дарахт шинонем» дар қадди роҳи асосии нақлиётгарди шаҳраки Истаравшан мебошад.

Читать далее

Дидан намудани муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. аз ниҳолхона – парваришгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара

  Моҳи марти соли 2025, бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва таъмини иҷрои нақшаи амал дар майдони 1 га «Ниҳолхона – парваришгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара» ташкил шуда буд. Дар ниҳолхона ғунҷоиши умумии кӯчати ниҳолҳо 28500 бехро ташкил карда, дар айни ҳол 12 намуди ниҳолҳо, аз он ҷумла санавбар, ардач, туяи шарқӣ, акатсия, чинор, кастона, каталпаи зебо, булут, бирючинаи ҳамешасабз, павлония, сирени ҳиндӣ ва қаламчаи сафедор, ҳамагӣ ба миқдори 28000 бех парвариш ёфта истодааст. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р., Вазири кишоварзӣ Ҳакимзода Қ. ва раиси шаҳри Исфара Ҷумъазода Ш. аз ҳолати ниҳолхона – парваришгоҳ дидан намуданд. Ҳангоми дидани ниҳолхона аз ҷониби мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара Ҳомидов Н. ба ташрифовардагон дар бораи корҳои ба анҷом расонида, ҳолати ниҳолҳои парвариш ёфтаистода ва нақшаҳои минбаъда вобаста ба ниҳолшинонӣ маълумот пешниҳод гардид.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.