16 Октябрь 2025
Амалиёти назоратӣ дар самти ҳифзи манбаъҳои обӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назорати давлатӣ мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, дар соҳилҳои дарёи Сир ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров ифлос намудани соҳили манбаъҳои обӣ бо партовҳоро аз тарафи сокинони ноҳия -ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашонӣ Нуруллоев К. ва дигарон ошкор намуданд. Дар натиҷа нисбати конуншиканон барои ифлос намудани соҳили манбаъҳои обӣ бо дастрасии моддаи 177 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Шаҳрвандони азиз!
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Агар шумо ронандагонеро мушоҳида намоед, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз дохили нақлиёт партовҳоро ба канори роҳ мепартоянд - лутфан, бо телефони мобилии худ акс гирифта, онро тавассути Telegram ё WhatsApp ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо рақами +992 (99) 666-96-99 ирсол намоед. Аз ҳамаи ронандагон ва мусофирони нақлиётҳо даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми сафар талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зистро риоя намоед. Зеро тибқи талаботи моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ, истифода, нест кардан (гӯронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст, ки барои риоя накардани талаботи мазкур қонунгузорӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 375 то 750 сомонӣ, ба шахсони мансабдор аз 1125 то 1500 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст. Ҳар як амал муҳим аст! Бо масъулияти шаҳрвандӣ барои тозагии муҳити зисти худ саҳмгузор бошем!
Ба сӯзиши хазон роҳ надиҳед!
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Сўзонидани партов ва баргҳои дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо, майдону боғҳо ва гулгашту боғҳои фарҳангу фароғатӣ қатъиян манъ аст. Фасли тирамоҳ дар баробари фасли заррин будан, боз мушкилотҳоеро ба миён меорад, ки кормандони соҳаи коммуналӣ барои халосӣ аз он танҳо як “усул” -ро ба кор мебаранд, ки ин сўзиши хазон мебошад. Мутобиқ ба таҳлилҳои мутахассисони соҳаи муҳити зист роҳ додан ба сўзонидани партов боиси хурӯҷи касалиҳои диққи нафас гардида, нороҳатии шаҳрвандонро ба миён меорад. Таъкид менамоем, ки дар қатори дигар партовҳои аз рӯзгор ҳосилшаванда барги хазоншуда низ ба партов табдил меёбад ва дар бисёр ҳолатҳо барои аз партовҳо раҳоӣ ёфтан кормандони соҳаи коммуналӣ ва дигар шахсони вобаста шуда, ба оташ задани барги хазонгашта даст мезананд. Бехабар аз он ҳастанд, ки дар натиҷаи сӯхтани ин гуна мавод ба ҳавои атмосфера моддаҳое ба саломатии мавҷудоти зинда зарраррасон, ба монанди дуда, оксиди карбон, ангидриди олтингӯгирд, оксидҳои нитроген ва диоксинҳою фуран, ки ба гурӯҳи моддаҳои устувори органикӣ шомил мебошанд, ихроҷ гардида аввал ба роҳи нафаси одамон, баъдан бо бӯи ғализ ва дудаи худ дохили ҳуҷраҳои биноҳо шуда, ба муҳити атроф ва сипас ба ҳавои атмсофера дохил гардида, оқибат ба раванди метеорологӣ ҳангоми боришоти атмосферӣ бо оби борон ҳамроҳ гардида, ҳангоми ба замин рехтан ба таркиби хок дохил шуда, хокистартӯдааш ба воситаи оби ё боришот ҷаббида гардида, ҳамчун маҳлули ишқорӣ ба манбаъҳои обӣ ҷорӣ мегардад.