Октябрь 2025

14 Октябрь 2025

Амалиёти назоратӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера

  Ҳангоми гузаронидани амалиёти назорати давлатӣ мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сӯзонидани партов ва алафҳои хушкшударо дар қадди роҳ аз тарафи П.Т. сокини шаҳр ошкор намуданд, ки дар натиҷа дуди ғализи он ба муҳити атроф паҳн шуда, ҳавои атмосфераро вайрон кардааст. Нисбати қонуншикан бо моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" ва моддаи 231-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмури тартиб дода шуд, ки ҷаримаи он аз 5 то 10 нишондиҳанда пешбинӣ  гардидааст.

Читать далее

Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Истаравшан

  Баҳри тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар шоҳроҳи Душанбе Чаноқ минтақаи деҳаи Қалъачаи араб дар 4 нуқта партовҳои бесоҳиб тариқи ду техникаи калонҳаҷм ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд. Рафти корҳо тариқи телевизион ба навор гирифта шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Читать далее

Амалиёти назоратӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ

  Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назорати давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ аз тарафи кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар минтақаи Сартуқай  воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҳолати риоя накардани қоидаҳои моҳидорӣ ошкор карда шуд. Дар натиҷа нисбати 3 нафар қонуншиканон дар ҷояш протоколҳои ҳуқуқвайронунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Читать далее

Телефони боварии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд фаъол шуд

  Бо мақсади  иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар беҳбудии муҳити зист, пешгирии қонунвайронкуниҳои экологӣ, аз ҷумла, партофтани партовҳои маишӣ, бе иҷозат буридани дарахтон, сӯзонидани партову барги дарахтон ва дигар ҳолатҳои вайронкунии талаботҳои қонунҳои амалкунандаи ҳифзи муҳити зист сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд барои қабули муроҷиати шаҳрвандон телефони бовариро ташкил намудааст. Телефони боварӣ шабонарўзӣ фаъол буда, ҳар як сокини вилоят метавонад оид ба ҳама гуна нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба қабулгоҳи ҷамъиятии экологӣ тариқи мессенҷерҳои вотсап ва телеграмм хабар расонад. Сарраёсат он шаҳрвандонеро, ки фаъолнокиро нишон медиҳанд ҳар семоҳа натиҷабардорӣ  намуда  бо туҳфа қадрдонӣ  менамояд.

Читать далее

10 Октябрь 2025

10 октябр - Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир

  Бисёр парандагон баробари саршавии тирамоҳ ва камшавии хӯрок ба чойҳои гарм парвоз карда мераванд. Олимон муайян кардаанд, ки кӯчи парандагон ба тағйирёбии мавсими шароити зиндагӣ ва камшавии хӯрок вобаста мебошад. Барои чуҷабарорӣ парандаҳои ноҳияҳои шимолӣ ва иқлимашон муътадил ба ҷойҳои  гарм  парвоз мекунанд. Одатан, дар аввали баҳор ба ҷойи сукунати худ парвоз кардани парандагон ба зуҳуроти  ғаризавии (инстинктӣ) таносул ё ки афзоишкунӣ вобаста мебошад. Кӯчи тирамоҳӣ ба кам шудани хӯрок, кутоҳ, шудани рӯз ва сардшавии ҳаво вобаста мебошад, ки ин тағйироти мавсимӣ гӯё бонгест барои парвоз карда рафтан аз маҳалли бехӯрок. Ҳамин тариқ кӯчи мавсимӣ амалиёти ғаризавии (инстинктӣ) парандагон мебошад, ки дар давоми миллионҳо сол бо таъсири омилҳои мавсимии сол ба вуҷуд омадааст. Аввалин шуда аз ҷумҳуриамон булбулҳо, заргулдор, достак ва фароштурукҳо кӯч мебанданд. Баъдтар баробари сардшавии ҳаво ғозҳо, мурғобӣ ва турнаҳо мераванд. Лаклаки сафед барои зимистонгузаронӣ ба масофаи хеле дур ба Африкои ҷанубӣ парвоз карда меравад. Маълум карда шудааст, ки бисёр намудҳои парандаҳои Тоҷикистон дар Африкои ҷанубӣ ва Ҳиндустон зимистонро мегузаронанд. Аввали баҳор ин парандаҳо боз парвоз карда меоянд.

Читать далее

07 Октябрь 2025

Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9 моҳаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти 9 моҳа ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки сардори сарраёсат Холзода С.Х., сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва кормандони сарраёсат баргузор гардид. Сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар ҳама самтҳои соҳа пурсиш намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, атмосфера, замин, муомилот бо партовҳо ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Ҳамзамон дар умум фаъолияти мақомот дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ гардида, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирӣ ва назорати ҳолати экологӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии барномаҳои соҳавию давлатӣ вазифагузорӣ шуд.

Читать далее

06 Октябрь 2025

Дар шаҳри Хуҷанд чорабинии экологӣ бахшида ба «Рӯзи дарёи Сир» баргузор гардид

  Бахшида ба «Рӯзи дарёи Сир» дар «Боғи фарҳангӣ - фароғатии Наврӯзгоҳ»-и шаҳриХуҷанд чорабинии омавӣ бо баргузории аксияи экологӣ таҳти унвони «Сирдарё - дарёи мо, ояндаи мо» доир гардид. Чорабинии мазкур бо ҷалби беш аз 300 нафар донишҷӯ аз муассисаҳои олии вилоят гузашта, тибқи барнома аксияи оммавии экологӣ оид ба тоза кардани соҳилҳои Сирдарё, викторинаи экологӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ барои донишҷӯён, мукофотонидани ғолибону иштирокчиёни фаъол ва ҷалби намояндагони васоити ахбори омма амалӣ гардид. Соли панҷум мебошад, ки чун анъана «Рӯзи дарёи Сир» дар шаҳриХуҷанд бо мақсади нишон додани муҳимияти захираҳои об, ҷиҳати ҷалб, иттилоотонидан ва баланд бардоштани дониши экологии ҷавонон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об ва мустаҳкам намудани амнияти экологӣ дар аввали моҳи октябр қайд гардида, дар ин рӯз аксия ва чорабиниҳои гуногуни экологӣ гузаронида мешаванд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.