11 Июнь 2025

Маҷлиси тантанавӣ дар Маркази бозомӯзии шаҳри Гулистон доир ба таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳити зист

  Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар Маркази бозомӯзии шаҳри Гулистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки муовини якуми раиси шаҳри Гулистон Муҳаммадзода Д., намояндагони корхонаву ташкилотҳо гузаронида шуд. Мудири бахши ҳифзи муҳити зист Комилзода Ҷ. ва муовини якуми раиси шаҳри Гулистон  Муҳаммадзода Д. , зимни баромадҳои худ  оид ба ин санаи экологӣ, ки ҳамасола  ҷашн гирифта мешавад, баромад намуда, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, коҳиши раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош меварзанд.

Читать далее

Саҳми ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати экологӣ

  Бо мақсади таҷлили сазовори Рӯзи байналмилалии муҳити зист,  баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ  бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар бозори марказии ноҳияи Масчоҳ аксияи ташвиқотиву тарғиботӣ ташкил ва гузаронида шуд. Аз ҷониби донишҷӯёни коллеҷи кишоварзии ноҳияи Масчоҳ ба аҳолӣ буклету варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.