Май 2025

27 Май 2025

Ҳифзи пирьяхҳо кафолати рушди устувори экологии ҷомеа

  Дар арафаи баргузории якумин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пирьяхҳо, ба ифтихори эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят семинари омӯзишӣ зери унвони «Ҳифзи пирьяхҳо кафолати рушди устувори экологии ҷомеа»  доир гардид. Дар  он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимов Ф., доктори илмҳои география, профессори кафедраи геоэкология ва методикаи таълими  МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров» ҳамзамон роҳбари Маркази омӯзиши  тағйирёбии иқлим ва пирьяхҳо - Раҳимов А.,  омӯзгорони кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мисиров А. ва Шарифхоҷаев И.И., сардори Маркази обуҳавосанҷӣ дар вилояти Суғд Ҳомидов А., намояндаи  Раёсати беҳдошти замин  ва обёрӣ дар вилояти Суғд Султонов А., муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Хуҷандобуканали” ш.Хуҷанд Ахмедов А. ва кормандони сарраёсат иштирок доштанд.

Читать далее

Баргузории озмун – викторина байни дастаҳои «Нозирони сабз» бахшида ба 5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Раёсати маорифи вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар соли ҷорӣ идома ёфта, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ташкили як қатор чорабиниҳои гуногун пешбинӣ гардидааст. Бахшида ба 5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон байни дастаҳои «Нозирони сабз»-и 6 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол, 4 адад чунин муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, инчунин Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон, дар маҷмуъ байни 13 даста озмун - викторина гузаронида шуд.

Читать далее

21 Май 2025

Чорабинии иттилоотӣ бахшида ба 22 май - Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ

 Бахшида ба 22 май – Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии (хусусии) «Гимназияи ба номи Ё.В.Гёте»-и шаҳри Хуҷанд дарси кушод аз фанни экология бо иштироки намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, инчунин директор ва маъмурияти гимназия, хонандагону омӯзгорони фанни экология ва биология баргузор гардид. Чорабинии иттилоотӣ дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ташкил гардида, дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат ба иштирокдорон маълумот дар бораи таърихи ин санаи муҳими экологӣ,муҳимияти ҳифзи олами наботот ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, тадбирҳои аз тарафи Ҳукумати мамлакат андешида шуда, қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъсири манфии гармшавии иқлим ба обшавии пиряхҳо ва захираҳои об, амнияти экологӣ ва муаммоҳои экологии замони муосир пешниҳод карда шуд.

Читать далее

20 Май 2025

22 май - Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ

  Дар даҳсолаҳои ахир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобалии замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи нигаҳдории гуногунии биологиро ба эътибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конференсияи СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де–Жанейро баргузор гардид, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда, ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия қабул кард. Муаммоҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ ва устуворона истифодабарии он яке аз равандҳои баҳсу талош ва оштинопазирӣ дар конференсияҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо ва ҷаласаҳо маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода, мунтазам чорабиниҳои гуногуни сатҳӣ байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.

Читать далее

16 Май 2025

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Гулистон

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Дар амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА шаҳр  ирсол гардид.

Читать далее

Шаҳристон - гӯшаи биҳиштосои табиати Тоҷикистонро аз партовҳо эмин нигоҳ дорем!

  Минтақаи Шаҳристон бо табиати нотакрору дилфиреб, чашмасорони мусаффо ва кӯҳсорони сабзу пур аз гиёҳҳои шифобахш ҳамеша диққати дӯстдорони табиат ва истироҳаткунандагонро ҷалб менамояд. Хусусан, мавзеъи зебоманзари Хуррамдара дар фасли баҳору тобистон ба як макони серодами истироҳат табдил меёбад. Аммо, мутаассифона, дар баробари зиёд шудани теъдоди истироҳаткунандагон, баъзан мушоҳида мешавад, ки сатҳи ифлосшавии муҳити зист низ рӯ ба афзоиш дорад. Ба ҳамин хотир, кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо телевизиони «7 Ситора» масъалаи ифлосшавии минтақаи истироҳатии Хуррамдарраи ноҳияи Шаҳристонро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор доданд. Ин иқдом дар пайи нашри маводи танқидии сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардид. Дар натиҷаи санҷиши гузаронидашуда, ҳолатҳои сершумори ифлосшавии соҳилҳои манбаъҳои обӣ бо партовҳои  гуногун  ба қайд гирифта шуд. Гузашта аз ин, муайян гардид, ки дар баъзе мавридҳо партовҳо ғайрирасмӣ ба чуқуриҳо партофта шудаанд.

Читать далее

15 Май 2025

Баргузории вохӯрӣ бахшида ба 15 май - Рӯзи байналмилалии иқлим дар шаҳри Истиқлол

  Ҳангоми гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар шаҳри Истиқлол, бахшида ба 15 май - Рӯзи байналмилалии иқлим дар толори МДТ «Литсейи касбии техникии шаҳри Истиқлол» вохӯрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо донишҷӯёну омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур баргузор гардид. Чорабинии иттилоотӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва пешниҳоди маълумот дар бораи ин санаи муҳими экологӣ дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ташкил карда шуд. Дар баробари ин, рафти вохӯрӣ ба иштирокдорон аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат маълумот доир ба тағйирёбӣ ва гармшавии глобалии иқлим, рушди «иқтисоди сабз» ва «энергияи сабз», муаммоҳои ҷаҳонӣ дар таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ, ифлос шудани таркиби ҳавои атмосфера, партовҳои паластикӣ, олами набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муҳимияти болоравии сатҳи маърифати экологии ҷавонон пешниҳод гардид.

Читать далее

13 Май 2025

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Хуҷанд

  Дар асоси нақшаи кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар  шаҳри  Хуҷанд амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 21 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА шаҳр  ирсол гардид.

Читать далее

12 Май 2025

15 май - Рӯзи байналмилалии иқлим

  Бори аввал масъалаи тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ соли 1992 дар Саммити Замин дар Рио де-Жанейро баррасӣ гардида, зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлимро имзо кардаанд. Айни замон дар сайёра, аз ҷумла дар кишвари мо тағйир ёфтани иқлимро ҳама эҳсос мекунад ва бадшавии вазъи экологӣ дар тамоми олам воқеаи баҳснопазир мебошад. Сол то сол тағйирёбии иқлим ба муҳити зист низ таъсири манфии худро расонида, масъалаҳои вобаста ба он таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Дар шароити имрӯза гармшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушкшудани чашмаҳову дарёчаҳои минтақаҳои аҳолинишин ва дигар гуна пайомади офатҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти глобалии замони муосир мубаддал гашта, ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии сокинони осоиштаи дунё рӯз ба рӯз таъсири манфӣ мерасонанд. Имрӯз омилҳо ва мушкилоте, ки ба захираҳои табиӣ ва арзиши об таъсиргузоранд, бамаротиб меафзоянд. Пиряхҳои хурду бузург дар нуқтаҳои баландтарини кӯҳҳои Тоҷикистон – қуллаи Исмоили Сомонӣ ва қуллаи Абўалӣ ибни Сино ҷойгир буда, айни замон зери таъсири ҷиддии гармшавии иқлим қарор доранд. Тибқи пешгӯиҳои олимон, то соли 2050 дар Тоҷикистон якчанд ҳазор пиряхи майда пурра аз байн меравад, зеро пиряхҳо дар ҳавзаи дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд.

Читать далее

10 Май 2025

Амалиётҳои назоратӣ дар давраи манъи сайди моҳӣ

  Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назорати давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории моҳӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом ва шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти Фирузоба ҳудуди обанбори Баҳри Тоҷик сокини шаҳри Конибодом Холиқов М. ҳангоми сайди ғайриқонунии 41 сар моҳиҳои гуногун боздошт  гардид. Нисбати қонуншикан  маводҳои дахлдор тартиб дода, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шуд. Олотҳоимоҳидорӣ -тӯр ва қайиқи резинӣ мусодира карда шуд. Арзиши зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи №8 - и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 3075 сомониро ташкил дод.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.