Июль 2024

20 Июль 2024

Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Истаравшан

  Рафти иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 626 “Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми партовҳо, мукаммал намудани механизми баҳисобгирии партовҳо” зери назорати доимии мақомоти ҳифзи муҳити зист қарор дорад.Бо иқдоми мақомоти зертобеи Сарраёсат дар шаҳри Истаравшан, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф  аз партовҳо дар давоми нимсолаи якуми соли равон  дар қаддишоҳроҳи Душанбе - Чаноқ, минтақаи ҷамоати деҳоти Зарҳалол ва Пошкент, ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ ва Гули сурх хамагӣ 14 адад партовҳои бесоҳиб бартараф карда шуд. Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолати ғайрирасмӣ партофтани партовҳо  ва назорати доимӣ дар дохили шаҳр хиёбони Исмоили Сомонӣ, Ваҳдат ва Истиқлол 11 адад камераҳои мушоҳидавӣ- назоратӣ насб гардид.Бо истифода аз камераҳои мушоҳидавӣ зиёда аз 20 нафар шаҳрвандон барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми муомилот бо партовҳо ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ карда шуд.

Читать далее

10 Июль 2024

Дар минтақаи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ чорабинии «Мубодилаи таълимӣ ва амалии намояндагони «Нозирони сабз» - 2024» баргузор гардид

  Дар минтақаи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ бо иштироки аъзоёни ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таълимии 11 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва 2 шаҳри Ҷумҳурии Ўзбекистон чорабинии «Мубодилаи таълимӣ ва амалии намояндагони «Нозирони сабз» - 2024» серӯза баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят ва дар доираи лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об, ки аз ҷониби Консорсиуми Ҳелветас (ACTED) бо дастгирии молиявии ташкилоти SDC амалӣ карда мешавад, ташкил карда шуд. Мутобиқи барнома аз ҷониби роҳбалади ботаҷриба барои иштирокчиён саёҳат ба шаршара ва моркӯл, дарсҳои амалӣ оид ба пайдо намудани маҳорати сохтани хаймаҳо (палатка) ва рафтори дурусти сайёҳӣ ташкил гардида, ҳамчунин ҷавонон бо сохтани макети ҳавзаи дарёи Сир, ки онҳоро муттаҳид мекард, машғул шудаанд.

Читать далее

08 Июль 2024

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи якуми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Л., сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  Холзода С., сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳмонзода Л. ва сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Холзода С. аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш намуда, оид ба дастовардҳои ноилгардидаи мақомот дар давраи ҳисоботӣ, аз он ҷумла бо иқдоми мақомот сохтани партовгоҳҳои муваққатӣ, насби баннерҳои экологӣ дар шоҳроҳҳо ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо, масъалаи муомилот бо партов ва ҳолати кунунии партовгоҳҳо, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дода шуд.

Читать далее

Бартараф намудани партовҳои қадди роҳи ҷамоати шаҳраки ноҳияи Зафаробод

 Дар маҳаллаи Ҷ.Зарипови ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод бо иштироки беш аз 80 нафар ҷавонон ва сокинони маҳалла, аз ҷумла аъзоёни раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимӣ бо мақсади тоза намудани қадди роҳ аз партовҳо аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида  шуд. Аксияи мазкур бо дархости раиси ноҳия аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ташкил гардида, инчунин кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Зафаробод, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ва намояндаи идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.