08 Апрель 2024

Боздиди Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. аз ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон

  Баҳри таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сабзу хуррамгардонии муҳити зист дар ҷараёни сафари корӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А., муовини якуми раиси ноҳия Мавлонқулзода Р. ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. аз  ниҳолхонаи   бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон дидан намуданд. Зимни боздид Раиси Кумита Шерализода Б.А. ба масъулон ҷиҳати тез афзоиш ёфтани ниҳолҳо  барои ба ҷои дигар шинонидани онҳо, ташкил намудани  ниҳолхонаи  дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳандаи маҳаллӣ мутобиқ ба шароитҳои иқлим, риояи ҳатмии  қоидаҳои агротехникӣ ҳангоми шинонидан ва парвариши ниҳолҳо дастуру супоришҳо дод.

Читать далее

Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи якуми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

 Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х., сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо  доир гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин  оид ба беҳтар намудани фаъолияти нозирӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии нақшаи чорабиниҳо, барномаҳои соҳавию  давлатӣ ва дигар аснодҳои  назоратӣ  супоришҳо дод. Дар интиҳои ҷаласа роҳбарияти Сарраёсат мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар  шаҳри Истаравшан Махсумов Муҳаммадиро барои расидан ба синни нафақа бо тантана муборакбод намуданд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.