14 Апрель 2021

Рӯзи дониши экологӣ дар муассисаи таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар муассисаҳои таълимӣ бахшида ба санаҳои экологӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист кормандони бахш дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 13-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар дарси кушоди синфҳои болоӣ таҳти унвони «Ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст» иштирок намуданд. Рафти вохӯрӣ намояндагони бахш ба хонандагон дар бораи ҳадафи асосии таҷлили ин санаи экологӣ, ҳифз ва нигаҳдории захираҳои табиӣ, саҳми хонандагон дар беҳбудии муҳити зист суханронӣ намуда, ба саволҳои хонандагон оид ба ҳифзи табиат ҷавобҳои мушаххас доданд.

Читать далее

Рӯзи дониши экологӣ дар муассисаи таълимии шаҳри Исфара

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ, бо мақсади баланд бардоштани дониш ва маърифати экологӣ дар «Гӯшаи Амрикоӣ», воқеъ дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 бо иштироки намояндаи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара семинар баргузор гардид. Дар семинар корманди бахш ба хонандагон доир ба вазъи экологӣ ва муаммоҳои ҷойдоштаи он, ҳолати партовгоҳҳо ва таъсири он ба муҳити зист, истифодабарии оби нӯшокӣ ва сифати он баромад намуд. Хонандагон низ дар мавзуъҳои ҳифзи табиат ва нигахдории захираҳои он, самаранок истифода бурдани об, напартофтани партовҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ баромадҳо пешниҳод намуданд. 

Читать далее

Вохӯрӣ дар муассисаи таълимии ноҳияи Ашт

  Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии донишҳои экологӣ дар гимназияи № 2 бо иштироки омӯзгорони фанни география ва хонандагон вохӯрӣ гузаронида шуд. Намояндагони бахш аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки барои беҳбудиимуҳити атроф, тозаву обод нигоҳ доштани гирду атрофи мактаб ва маҳалли зист, баланд бардоштани дониши экологӣ  саҳмиарзандаи худро гузоранд.

Читать далее

15 апрел – Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ

Ҳамасола санаи 15 – апрелро дўстдорони табиат чун Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Ин иқдом соли 1992, зимни баргузории Конфронси СММ дар шаҳри Рио-де-Жанейро, ки масъалаҳои доғи рушди устувори аҳли башар муҳокима мегардид, ба ҳукми анъана даромад. Тарбия ва маърифати экологӣ – фаъолият доир ба ташаккули маданияти экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист ва таъмини донишҳои экологӣ мебошад. Ҳадафи асосии таҷлили ин рӯз - пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани ҷомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.