Февраль 2021

04 Февраль 2021

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Айнӣ

  Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист, амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Айнӣ маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Бо ин мақсад дирӯз дар роҳи асосии Душанбе – Айни бо иштироки муташакилонаи аҳолии ноҳия зиёда аз 500 бех ниҳоли арча шинонида шуд. Маъракаи ниҳолшинонӣ дар дигар маҳалҳои ноҳия идома меёбад.

Читать далее

02 Февраль 2021

Иштироки Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар «Иди миллии Сада» дар шаҳри Душанбе

Санаи 31 январи соли ҷорӣ дар доираи таҳлили ҷашни «Иди миллии Сада» дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид. Тибқи ҷадвали тақсимоти пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар чорабинии ҷумҳуриявӣ дар баробари дигар сохтору ташкилот кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, аз он ҷумла мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен  фаъолона иштирок намуданд. Дар баробари маҳсулоти хоҷагиҳои кишоварзӣ, хушкмева, тухмии зироатҳои кишоварзӣ, захрдоруҳо ва дастгоҳҳои махсус, ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ ва сояафкан пешниҳод гардид. Тибқи ҷадвали тақсимот барои раёсат ҷойи алоҳида пешбинӣ гардида, дар маҷмуъ 300 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан, 700 бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва инчунин гулу гулбуттаҳо дар чорабинӣ пешниҳод карда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ш.Гулистон

  Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Иди миллии Сада, гузаронидани корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Гулистон оғоз аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» то НОБ «Қайроққум» аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Гулистон дар аксия кормандони ташкилоту муассисаҳо 700 нафар иштирок дошта, 2 км ҷуйборҳо, худудҳои маҳалҳои аҳолинишин 840 м2, роҳҳои протоколӣ 3 км аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, 4 м3 партов бароварда шуд. Ҳашарҳои ободонӣ баҳри тозаву озода намудани муҳити атроф дар дигар минтақаҳои шаҳри Гулистон идома меёбад.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ш.Хуҷанд

  Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Иди миллии Сада, гузаронидани корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқ-лолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва тозаву обод намудани муҳити атроф дар кӯчаи «60-солагии Точикистон»-и шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар шанбегӣдонишҷӯёни литсейи касбии № 56 ва хонандагони МТМУ №13 ҳамагӣ - 350  нафар иштирок дошта, қадди рох ва рохи пиедагард аз партовхои хархела  тоза карда шуд. Дар натиҷа  3 м3 партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Б.Ғафуров

  Ба истиқболи ҷашни Иди миллии Сада, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шанбегиҳои оммавӣ идома дорад. Дар асоси нақшаи корӣ санаи 31 январи соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ёва, Ғозиён бо иштироки васеи аҳолии ҷамоатҳо, намояндагони соҳаи тандурустӣ ва мактаббачагони МТМУ №№ 31 ва 49 ҳамагӣ – 250 нафар аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Рафти аксия қадди роҳҳо аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, ба партовгоҳи ноҳия 5 м3 партов интиқол дода шуд.

Читать далее

01 Февраль 2021

2 феврал – Рузи умумиҷаҳонии заминҳои обиву ботлоқӣ

 Ҳамасола 2-феврал аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ (WorldWetlandsDay) таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва Ҳукумати кишварҳо ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад. Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб таҷлил карда мешавад. Соли 1971 дар Эрон Конвенсияи СММ оид ба муҳофизати мавзеъҳои обию ботлоқӣ аз ҷониби 18 кишвар ба имзо расид. Соли 2000 шумораи кишварҳои аъзо ба 119 расид, ки имрӯз бошад 159 кишвар ба узвияти Конвенсияи Ромсар ҳамроҳ гаштаанд. Шумораи мавзеъҳои обию ботлоқие, ки дар таҳти муҳофизат қарор гирифтааст, 1869 адад буда, майдони умумиашон 1836000 (як миллиону ҳашсаду сиву шаш ҳазор) км2-ро ташкил мекунад. Шароитҳои табиии ин мавзеъҳо барои зисти бисёр намуди паррандаҳо, ҳашарот, моҳӣ ва дигар ҳайвонот мувофиқ аст.

Читать далее

Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

  Дар рӯзҳои истироҳат дар ноҳияи Ҷ.Расулов маъракаи васеи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар рафти маърака корҳои ободонию кабудизоркунӣ сокинони ҷамоати деҳоти Гулхона, Ғӯлакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳробод фаъолона иштирок карда, 935 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан ва ҳамешасабз, ба монанди кипариси аризонӣ, ардач, каталпа ва санавбар шинонида шуд. Ғайр аз ин, 14 километр ҷӯйбори обгузар, ки барои таъминоти дарахтон бо об хизмат мекунад аз партовҳо тоза гардид ва дар натиҷа 174 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи марказӣ бароварда шуд. Ҳамзамон, дар қадди роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ 1150 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи санавбар ва 1860 бех ниҳоли дарахти сафедор шинонида шуд. Ҳангоми шинонидани ниҳолҳои мазкур аз ҷониби мутахасиссони соҳаи ҳифзи муҳити зист ҷавобгӯ будани онҳо ба талаботи стандартӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, умуман ба парвариши ниҳоли солим таъкид гардид. Дар маҷмуъ, дар маъракаи ободонию кабудизоркунӣ беш аз 8,7 ҳазор нафар ҳашарчиён иштирок намуданд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.