Апрель 2020

11 Апрель 2020

Корҳои ободониву гулзоркунӣ дар ноҳияи Спитамен

    Барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва рӯзи Ваҳдати миллӣ бо мақсади гулзоркуниву сабзу хуррамгардонии  ҷамоату маҳаллаҳои н.Спитамен  як қатор корҳо амалӣ гардида истодаанд. Чуноне, ки бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен маълумот дод, дар кӯчаҳои марказии  ноҳия гулҳои ороишии мавсимӣ зиёда аз 120000 шинонида шуда, баҳри ободу зебо гардонидани муҳити атроф корҳои ободонӣ  идома  дорад.

Читать далее

09 Апрель 2020

Ҳашар дар ноҳияи Масчоҳ

    Барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, бо мақсади сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳои маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон сокинони дорои касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуда истодаанд. Бино ба иттиллои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ дар кӯчаҳои протоколии ноҳия гулҳои ороишии мавсимӣ ва дарахтони сояафкануҳамешасабз шинонида шуда, баҳри ободу зебо гардонидани муҳити атроф корҳои ободонӣ  идома  дорад.

Читать далее

Партовгоҳи ноҳияи Зафаробод хокпӯш карда шуд.

   Баҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ, тозаву обод намудани муҳити атроф аз тарафи КДФ «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ» ноҳияи Зафаробод партовгоҳи марказӣ хокпӯш карда шуд. Масоҳатиумумии партовгоҳ 2,30 гектарро ташкилдода, барои чорабинии мазкур аз тарафи корхонаи мазкур  11,3 ҳазор сомонӣ  маблағ сарф карда шудааст.

Читать далее

Иҷрои фармоиш таҳти назорат

Бо мақсади ҳифз ва нигаҳдориизахираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят ва шароити мусоид фароҳамовардан  ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд таҳти №18аз 31.03. соли 2020, дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар миқёси вилоят сайди моҳӣ манъ гардидааст. Вобаста ба иҷрои фармони мазкур ситоди вилоятӣ ташкил карда шуда, дар шаҳру ноҳияхо корҳои муайян  амалӣ гардида истодааст.

   Дирӯз аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истаравшан дар бозори марказии шаҳр  варақаҳои иттилоотӣ  насб карда шуда, корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд ва ба масъулоне, ки  бо хариду фурӯш  ва пухтупази моҳӣ машғуланд,  амрномаҳо дода шуд.

Читать далее

Баррасии муроҷиати шаҳрванд дар заминҳои ҳамсарҳади ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    Дар асоси муроҷиати телефонии сокинони маҳаллаи «Ҷомӣ», шаҳри Бекободи вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон ва дар асоси фармоиши сардори аРаёсат Раёсат  аз 1 апрели соли равон  аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат  дар ҷояш баррасӣ гардид. Дар натиҷа муайян гардид, ки аз тарафи  сокинони ноҳияи Спитамен дар асоси қарори раиси ноҳия ва сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин корҳои сохтмонӣ оғоз карда шуда, 3 бех дарахтони чинор ва акация беиҷозат бурида шудааст. Вобаста ба ҳолати мазкур санад барои андешидани чораҳои конуни тарт иб дода шуда, аз раиси маҳаллаи «Ҷоми» маълумотнома ва ибрози муроҷиаткунандагон гирифта шуда, маводҳо ба мақомоти ҳифзи ҳукуқ  пешниҳод карда мешавад. Баррасии ҳолати мазкур ба воситаи телефонии мобилӣ сабт карда шудааст.

Читать далее

07 Апрель 2020

Корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 5500 - солагии шаҳри Саразм

    Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣ ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат ҷараён доранд. Бино ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар миқёси шаҳр як қатор корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад. Чӣ тавре, ки аз бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент иттилоъ дода шуд, дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар назди мамнуъгохи таърихии Саразм 600 бех дарахтони ороишию сояафкан ва  гулбуттахо ва дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент ниҳолҳои сӯзанбарг ба миқдори  2200 бех шинонида шуд.

Читать далее

Шанбегӣ дар ш.Хуҷанд

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 апрели соли равон   бо иштироки хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, кормандони идораву ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд дар шанбегии умумишаҳрӣ иштирок намуда, ҷиҳати боз ҳам зебову хуррам гардидани шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссагузорӣ намуданд. Ҳашарчиён дохили маҳаллаҳоро аз ҳамагуна партовҳои  истеъмолӣ тоза намуда, аз ҷониби гулпарварон гулҳои баҳорӣ дар қадди роҳҳо шинонида шуд.

Читать далее

Корҳои ободонӣ дар шаҳри Бӯстон

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  корҳои ободониву созандагӣ босуръат идома дорад.  Аз бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Бустон иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати  зебову хуррамгардонӣ дар кӯчаҳои протоколии шаҳри Бӯстон – хиёбони Сомониён, К.Хуҷандӣ ва Б.Ғафуров корҳои гулзоркуниву ободонӣ гузаронида шуда, дар қадди роҳҳо 2 ҳазор дарахтони ороишӣ, 10 ҳазор гули лола, 15 ҳазор гули садбаргва 10 ҳазор гули мавсимӣ шинонида шуд.

Читать далее

04 Апрель 2020

Амалиёти фаврӣ дар н.Б.Ғафуров

    Ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ, назорати доимии манбаъҳои обӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи нозирони шуъбаи назорати давлатии ҳифзи захираҳои обӣ маҳсуб меёбад. Бино ба иттилои нозирони шуъбаи ҳифзи захираҳои оби Раёсат хангоми дида баромадани аризаи шикоятии роҳбарияти бозори чорво воқеъ дар н.Б.Ғафуров нисбати директори ҶДММ «Беҳбудхӯҷа» Атаев Асадулло барои ифлос намудани манбаи обӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси моддаҳои 44,53-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» тартиб дода шуда буд.

Читать далее

Амалиёти назоратӣ

    Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ санаи 2 апрели соли равон дар н.Б.Ғафуров аз тарафи фурӯшандаи мағозаи масолеҳи сохтмонӣ Ғаффоров А. ғайрирасмӣ ҷойгир намудани як миқдор партовҳои сохтмонӣ ошкор гардид. Нисбати конуншикан, ки моддаҳои 44 ва 53-и Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистонро «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» вайрон намудааст, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ башуъбаиҳифзимуҳитизистин.Б.Ғафуровфиристодашуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.