Аз соли 2018 инҷониб бо корбарии мунтазами Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар чор ҳавзи моҳипарварӣ дар масоҳати умумии 1,4 гектар се намуди моҳӣ парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд. Дар ҷараёни боздиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ба хотири амалӣ намудани “Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба ин ҳавзҳо боз 15 ҳазор сар моҳии навъҳои “амури сафед”, “пешонипаҳн ” ва “зағорамоҳӣ” сар дода шуданд. Ҳамзамон бо мақсади афзоиш ёфтани мурғи даштии тазарв дар табиат аз ҷониби Сарвари давлат 200 тазарви сирдарёӣ дар Боғи мазкур сар дода шуд.
Иди Сада дар шаҳри Конибодом
Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Иди миллии Сада дар шаҳри Конибодом низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса бо ҷалби тамоми табақаҳои аҳолӣ ҷашн гирифта шуд. Чорабинӣ дар назди варзишгоҳи «Ҷавонӣ» баргузор гардида, дар он маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, гулу парандаҳо, ниҳолҳои ороишиву мевадиҳанда, техникаи кишоварзӣ ,таомҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом 20 намуди ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулу буттаҳо пешкаши аҳолӣ гардид.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Исфара
Дар асоси фармоишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»санаи 30 январи соли равон дар соҳили дарёи Исфара аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия ҷавонон ва волонтерони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр фаъолона иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарё аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Мавриди зикр аст, ки бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр якҷоя бо шуъбаи кор ба ҷавонон чунин аксияҳои экологиро мунтазам доир менамояд, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологии чавонон мусоидат менамояд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Айнӣ
Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист, амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Айнӣ маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Бо ин мақсад дирӯз дар роҳи асосии Душанбе – Айни бо иштироки муташакилонаи аҳолии ноҳия зиёда аз 500 бех ниҳоли арча шинонида шуд. Маъракаи ниҳолшинонӣ дар дигар маҳалҳои ноҳия идома меёбад.
Иштироки Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар «Иди миллии Сада» дар шаҳри Душанбе
Санаи 31 январи соли ҷорӣ дар доираи таҳлили ҷашни «Иди миллии Сада» дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид. Тибқи ҷадвали тақсимоти пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар чорабинии ҷумҳуриявӣ дар баробари дигар сохтору ташкилот кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, аз он ҷумла мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен фаъолона иштирок намуданд. Дар баробари маҳсулоти хоҷагиҳои кишоварзӣ, хушкмева, тухмии зироатҳои кишоварзӣ, захрдоруҳо ва дастгоҳҳои махсус, ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ ва сояафкан пешниҳод гардид. Тибқи ҷадвали тақсимот барои раёсат ҷойи алоҳида пешбинӣ гардида, дар маҷмуъ 300 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан, 700 бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва инчунин гулу гулбуттаҳо дар чорабинӣ пешниҳод карда шуд.
Страница 164 из 311