Д
ар доираи амалӣ гардидани нақша чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», бо мақсади мустаҳкам намудани дониши назариявӣ, соҳиб шудан ба маҳорати касбӣ-амалӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, вохӯрӣ бо донишҷӯёни курси 4-и ихтисоси «экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ»-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи мутахассисони соҳа Собиров Ҳ.Ф., Саидов Х.М. ва Ёқубов Б.Ш. доир ба сохтори мақомоти ҳифзи муҳити зист, дар бораи қонуну кодексҳои амалкунандаи соҳа, назорати давлатии самтҳои ҳифзи муҳити зист, вазифаҳои асосии шуъбаҳо, таъсири манфии ифлосшавии ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳои пластикӣ ва муаммоҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо, олами набототу ҳайвоноти нодир ва зери маҳвшавӣ қарордоштае, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд ва дигар маълумотҳо пешкаши донишҷӯён гардид.
Дар интиҳо донишҷуён ба саволҳои худ оид ба сабаби шинонидани дарахти арча ва аҳамияти он ба муҳити зист, таъсири корхонаҳои калони саноатӣ ба муҳити атроф, бештар гузаронидани вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ байни донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.



ар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
ар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Иҷлосияи
аҳри баланд бардоштани донишу маърифати экологии сокинони ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар толори бинои маъмурии ҷамоат машварати корӣ бо гурўҳи кории ҷамоати деҳоти мазкур оид ба масъалаҳои экологӣ баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовњои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» вохӯрӣ дар ин ҷамоати деҳот дуюм маротиба амалӣ гардида, дар рафти кори он намояндагони муовини раиси ҷамоат, раисони Кумитаҳои маҳаллӣ, Маркази саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, сокинони фаъол ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ дар ҷамоати мазкур бахшида шуда, тибқи барнома аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» иштирокдорон бо маълумоти амалигардии лоиҳаи «Татбиқи роҳҳои дастраси кишоварзӣ дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бо назардошти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим», нақши ВАО ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, маълумот оид ба таҳияи лоиҳаҳо барои ҳал намудани масъалаҳои экологӣ шинос гардиданд.



