Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо иштироки муовини сардори Раёсат ва кормандони Раёсат рӯзи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Дар ҷавонӣ саъй кун» баргузор гардид.
Дар маҷлис сармутахассис оид ба сиёсати экологӣ баромад намуда, зикр кард, ки ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят 50 фоизи кормандонро ҷавонон ташкил дода, сол аз сол ҷалби мутахассисони ҷавони лаёқатманд ба пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Хукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд. Зеро ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд.




Санаи 13 май дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон маҷлиси машваратии назди сардори Раёсат бо иштироки сардорони шӯъбаҳо ва сармутахассисони Раёсат, сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур 4 масъала мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт, аз он ҷумла баррасии натиҷаҳои санҷиши фаъолияти як шӯъба ва ду бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, таҳлили натиҷаҳои фаъолияти чормоҳаи мақомот ва ҳолати ҳиссаҷудокунии 20% ба Кумита ва Раёсат, баррасии пешниҳоди прокурори вилоят «Дар бораи бартараф кардани қонунвайронкуниҳо ҳангоми иҷрои қонунгузории ҷорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист» аз 27 апрели соли равон, ҳолати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия, пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия».




