
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷиҳати таҷлили сазовори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар якҷоягӣ бо зерсохторҳои худ дар шаҳру ноҳияҳо як қатор корҳоро ба сомон расонид. Санаи 27 август ва 3 сентябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо иштироки зиёда аз 98,7 ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳо ҳашари оммавӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии роҳ» дар маҷмӯъ 746,6 тн партовҳо бароварда, беш аз 103 км каналу ҷӯйборҳо тоза карда шуд. Инчунин, дар рафти ҳашар сафед кардани биноҳо дар масоҳати 5,3 ҳазор м2, 8,3 ҳазор бехи дарахтон сафед карда, зиёда аз 16,3 км соҳили манбаҳои обро аз партовҳо тоза намуданд.



Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
Раёсати ҳ
Тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №31/10-31 аз 15 апрели 2015 ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №73 аз 14 июни 2016, бо фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят №69 аз 30.06.2016 сол «Оиди таъсиси ситод оид ба амалиёти «Кӯкнор - 2016» ситоди идоравӣ ташкил карда шуда, нақшаи кории ситоди идоравӣ тасдиқ карда шудааст. 



